Таҳдиди тамоюли ифротгароии динӣ дар Осиёи Марказӣ

Апрель 16, 2015 09:29

Душанбе, 16.04.2015 (АМИТ «Ховар»).- Пас аз пошхӯрии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар баъзе аз  кишварҳо, аз ҷумла дар  Тоҷикистон  тамоюли рӯ овардани ҷавонон ба дин ба назар мерасид. Афзудани шумораи масҷидҳо ва инфрасохтори исломӣ (муассисаҳои таълимӣ), вусъат ёфтани имкониятҳои иттилоотиву тарғиботии ассотсиатсияҳо ва ҷамъиятҳои исломӣ гувоҳи гуфтаҳои боло шуда метавонанд.
Экстремизм ифодаи амали тундгароӣ буда, экстремизми динӣ маънои мутаассиб дар дин ва мазҳаб мебошад. Яъне, таҳти таъсири андешаи бардурӯғи аз доираи таълимоти динӣ дур дар ниҳоди шахс боварии комил ба ҳиссиёти экстремистӣ табдил меёбад. Дар натиҷа исломи мӯътадил ба идеологияи радикалӣ мубаддал гардида, аз ҷониби гурӯҳҳои экстремистӣ, ба монанди «Ваҳҳобия», «Салафия», гурӯҳҳои ифротгароии «Ҳизб-ут-таҳрир», «Ҳаракати исломии Ӯзбекистон», «Гурӯҳи исломии Туркистони Шарқӣ», «Ал-қоида», «Конгресси халқии Курд»,«Асбат-ал-Ансар», «Бародарони мусалмон», ҳаракати «Толибон», «Давлати Исломӣ» ва дигарон сӯйистифода мегардад. Ин ҳаракатҳо аз ҳамдигар фарқ кунанд ҳам, аммо аксаран ҳадафи ягона, яъне қонеъ намудани талаботи иқтисодӣ, бедор намудани ҳисси таҳаммулнопазирӣ дар ҷомеа ва бо истифода аз беназарии иҷтимоӣ дар мафкураи мардум бедор намудани мавҷи эътироз, нооромиҳо ва ғайраро доранд. Онҳо исломро ҳамчун силоҳи идеологии худ истифода мебаранд. Барои нафарони соҳибмаълумот ва огоҳ аз дин маълум аст, ки дин, махсусан динҳои ҷаҳонӣ, дар худ мафкураи бадро, ки мардумро барои нобуд кардани якдигар баҳри мақсадҳои ғаразнок даъват менамоянд, инкор мекунанд.
Баъди ба даст овардани истиқлолият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вазъ тамоман тағйир ёфт. Дар кишвар ҳуқуқ ба озодии динӣ, ҷудо будани иттиҳодияҳои динӣ аз давлат, дахолат накардани давлат ба ҷамъиятҳои динӣ ва амсоли он боқӣ монд. Аз он давра инҷониб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тадриҷан зиёдшавии тамоюли экстремизми исломӣ ташаккул ёфта, рушди босуботи кишварро таҳти хатар қарор медиҳанд.
Ифротгароӣ чун дар дигар гӯшаву канори олам, дар муҳити Тоҷикистони соҳибистиқлол низ аз худ дарак дода, хатари асосии оромиву ваҳдат маҳсуб меёбад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон омилҳо гуногун асосии бавуҷудоии тамоюли ифротгароӣ мебошанд. Аз ҷумла:
• Ташвиқи васеъ пайдо намудани ғояҳои экстремистӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ;
• Дар сатҳи баланд қарор доштани сатҳи ришваситонӣ дар муассисаҳои давлатӣ, ки зарфияти эътирозиро дар байни аҳолӣ ба вуҷуд меорад;
• Афзоиши шумораи ҷавонони бекор ва бемаълумот;
• Сатҳи пасти маърифати динии ҷомеа, бахусус ҷавонон, ки байни дини ҳақиқӣ ва  таассубу хурофот тафовут намегузоранд;
• Бетаваҷҷуҳии волидон нисбат ба тақдири ояндаи фарзандон ва аз тарбияи волидон дур мондани аксари ҷавонон;
• Нигаронкунанда будани низоми имрӯзаи маориф ва паст будани сатҳи донишомӯзӣ дар муассисаҳои таълимӣ;
• Дарк нагардидани мафҳуми асосии ҷиҳод аз дидгоҳи таълимоти исломӣ; 
• Исломикунонии маҷбурии ҷомеаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла ворид намудани фарҳанги бегонаи исломӣ, аз қабили ҳиҷоб ва либосҳои бегона;
• Пайдоиши тафриқа миёни мусалмонони Ҷумҳурии Тоҷикистон: ба вуҷуд омадани як зумра гурӯҳҳои ғаразноки динӣ, аз ҷумла «Салафия», «Ваҳҳобия», «Такфириҳо» ва гурӯҳҳое, ки мақсадҳои ғаразнокро пайгирӣ менамоянд;
• Аз ҷиҳати ҷуғрофӣ дар минтақаи нисбатан хатарзо ва наздикӣ ба кишварҳои тавлидгари экстремизми динӣ (Ҷумҳурии Покистон ва Афғонистон) ҷойгир будани Ҷумҳурии Тоҷикистон;
• Муқовимат нишон дода натавонистани исломи «расмӣ» бар муқобили исломи «ғайрирасмӣ», аз ҷумла аз хориҷа ворид гашта;
• Талоши кишварҳои хориҷӣ барои ноором кардани вазъи сиёсӣ дар Осиёи Марказӣ ва сӯйистифода аз «омили исломӣ».
Аз воқеаҳое, ки дар хоки давлатҳои Арабу Африқо сар зада истодаанд, маълум мегардад, ки барои афроди ифротгаро ягон муқаддасот: ватан, миллат, дин мазҳаб арзише надоранд. «Мисоли одӣ, ки дар ВАО дидем, осорхонаҳои таърихи давлати Ироқро ифротгароён ба хок яксон кардаанд, ки ин аз байн бурдани нишонаҳои таърихӣ ва хотираҳои таърихии миллатҳое, ки дар ин сарзамин ба сар бурдаанд ва тамаддун офаридаанд, он чизҳои таърихӣ дигар боқӣ намондааст». Ё онҳо бо ҳар роҳу равиш афроди равшанфикр ва мутахассисони варзидаи миллиро нобуд месозанд, то аз маҳви бесаводии аҳолӣ истифода намоянд. Ин гурӯҳҳо таҳти таъсири ақидаҳои тунду ғаразнок ҷавонҳоро ба ин гурӯҳҳои экстримистӣ шомил гардонида, ба иҷрои ҳама гуна амалҳои ғайриинсонӣ, монанди қатлу ғорат, таҷовус ба номуси инсонҳо тайёранд. Баъзе аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба доми фиреби гурӯҳҳои ҷиноятпеша афтода, бо баҳонаи ҷиҳод кардану соҳиби сарвату мол гардидан, рӯзгори осудаву ватани ободу зеборо беҳтар аз осоиштагӣ  дониста,  волидайн ва ҳамсару фарзандони худро тарк намуда, дар кишварҳои  хориҷ дар шароити вазнину тоқатфарсо алайҳи дигарон меҷанганд. Ҳол он ки тибқи таълимоти ислом муъмин бародари муъмин буда, рехтани хуни ноҳақ аз ҷумлаи гуноҳони кабира дониста мешавад.
Мутаассифона, гурӯҳҳои ғайриқонунӣ аз номи дини мубини ислом ҳарф зада, ба ин дини муқаддас иснод оварда, мардумро фирефтаи худ месозанд: Дар натиҷа иддае аз ҷавонони раҳгумзадаи тоҷик дар баробари ба гирдоби ҷанги бемаънӣ афтодан, инчунин ҳамсару фарзандони худро ба кишварҳои ҷангзада даъват намуда, ҳаёти онҳоро низ дар хатар мегузоранд.
Ба иттилои мақомоти қудратӣ бештари ҳолатҳои пайвастшавӣ бо созмонҳои ғайриқонунӣ аз ҳисоби сокинони шаҳру ноҳияҳои Исфара, Истаравшан, Панҷакент, Спитамен, Б.Ғафуров ва Ашт ба назар расида, чунин тамоюли афзоиш дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Қубодиён, Бохтар, Шаҳритуси вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат, Ҳисор, Шаҳринав ва Душанбе низ ҷой дорад: Агар дар соли 2012, дар миқёси ҷумҳурӣ 33 нафар аъзои ташкилотҳои террористӣ ва экстремистӣ дастгир шуда бошанд, дар солҳои 2013-2014 ва 3 моҳи аввали соли ҷорӣ 225 нафар барои содир намудани 549 ҷинояти раванди террористӣ ва экстремистӣ дошта муайян ва боздошт гардид. Дар соли 2014 ва 3 моҳи аввали соли 2015, 144 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар воҳидҳои мусаллаҳ ва муқовиматҳои ҷангии давлатҳои Сурия ва Ироқ, ҷумҳуриҳои Исломии Афғонистон ва Покистон иштирок доштанд, муайян гардида, 12 нафари онҳо дастгир шуд.
Омилҳо мазкур  метавонанд дар оянда барои давлатҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хатари ҷиддӣ ва таҳдиди бузург ба амнияти миллӣ гардад. Равандҳое, ки дар айни ҳол дар муҳити динии мамлакат рух дода истодаанд, таваҷҷуҳи бештари мардуми кишварро ба худ ҷалб намудааст. Бинобар ин тавсеаи минбаъдаи босамари ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, сепаратизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, кирдорҳои  коррупсионӣ дар алоҳидагӣ ва дар чаҳорчӯбаи СММ, СААД, ШОС мувофиқи  мақсад мешуморем.
Дар чунин шароит, яъне болоравии тамоюли ифротгароӣ, мураккабшавии муносибатҳо  дар  сатҳи сиёсати ҷаҳонӣ ҷомеаи кишвар, аз  ҷумла ҷавононро,  ки неруи асосии созандаи мамлакат ба шумор мераванд, мебояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, баҳри ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва сулҳу оромӣ ва барои кишвари азизамон  камари ҳиммат банданд.
 
Ҳикматулло Хоҷаев,
коршиноси масоили сиёсӣ
 
 

Апрель 16, 2015 09:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Панҷакент насби таҷҳизот ва қубурҳои обкашонӣ барои майдонҳои кишт идома дорад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
ОБОДОНӢ ДАР МАҲАЛ. Дар ноҳияи Ашт 3 километр роҳ мумфарш карда мешавад
Президенти Тоҷикистон: «Обшавии босуръати пиряхҳо ва коҳиши захираҳои об — тамоюли дигари таҳдидовар аст, ки имрӯз боиси нигаронии ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст»
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Агентии омор дар ин мавзуъ ҷамъомад баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Рӯзи кормандони тандурустии Тоҷикистон бо гулчанбаргузорӣ оғоз мешавад
Дар Душанбе даври ноҳиявии озмуни «Қаннодӣ, ҳалвопазӣ, шириниҳои миллӣ ва муосир» баргузор гардид
Дар Исломобод таҳти унвони «Tajikistan-Pakistan Roadshow» чорабинии сайёҳӣ баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе масъалаи минтақаҳои осебпазири Тоҷикистон ва идораи хатари офатҳои табиӣ баррасӣ шуд
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ хуруҷи бемории Mpox-ро ҳолати фавқулодаи ҷаҳонӣ эълон намуд