Таҷҳизоти тиббӣ барои муоинаи қабл аз никоҳи навхонадорон

Апрель 9, 2015 09:43

Душанбе, 9.04.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон барои муоинаи тиббии навхонадорон аз Олмону Чин ва Русия таҷҳизоти махсус дастрас намуд. Тавре ки муовини вазири тандурустии Тоҷикистон Наврӯз Ҷаъфаров иттилоъ додааст, дар айни ҳол тамоми паҳлуҳои масъалаи муоинаи пеш аз тӯйии домоду арӯс омӯхта шуда истодааст, чун ин масъала ниҳоят нозук аст, баъди баррасии ҳамаҷониба аз диди ҳуқуқӣ он роҳ андозӣ мешавад.
Ёдрас мекунем, ки дар Паёми охири худ ба Парлумон Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз таваллуди шумори зиёди кӯдакони маъюб, ки дар оилаҳои хешу таборон ба дунё омадаанд, изҳори нигаронӣ намуда зикр кард, ки дар миёни ҷавонон ҳолати никоҳи хешовандони наздик низ зиёд шуда, боиси таваллуди кӯдакони маъюб гардида истодааст.
«Имрӯз дар қаламрави кишвар қариб 13 ҳазор нафар кӯдаку навраси маъюби то 18 — сола аз ҷониби давлат нигоҳубин мешавад. Бештари ин кӯдакон маъюби модарзод буда, аз никоҳи хешовандӣ, инчунин аз волидайни гирифтори нашъамандӣ ба дунё омадаанд», — иброз дошт Президент.
Вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, адлия, кумитаҳои кор бо занон ва оила, оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ вазифадор шуданд, ки масъалаи муоинаи ҳатмии пешакии тиббии издивоҷкунандагон ва пешгирии никоҳи байни хешовандони наздикро якҷо бо мардум ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳаматарафа омӯхта, ба ҳукумат таклиф пешниҳод намоянд.
 
 

Апрель 9, 2015 09:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст