Тамғазании моддаҳои кимиёвӣ

Апрель 17, 2015 10:22

Душанбе,17.04.2015 (АМИТ «Ховар»).- 15 апрел  дар маъмурияти  Минтақаи  озоди  иқтисодии  «Суғд»  маросими  омӯзишӣ  дар  мавзӯи  «Татбиқи низоми  таснифу  тамғазании  моддаҳои кимиёвии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар сатҳи ҷаҳон» баргузор гардид. Дар ин  чорабинӣ  корманди илмии  Институти кимиёи  ба  номи  В. Никитини  Академияи  илмхои  ҶТ Р. Горшкова ва  муовини  директори  маркази  технологияи  биологии  Донишгоҳи  миллии Тоҷикистон З. Солибоева  сухан  карданд.
Мақсад  аз  доир  намудани  маросими  омӯзишӣ  баланд  бардоштани  сатҳи  воқифият  аз  идораи  моддаҳои  хафноки  кимиёвӣ  дар Тоҷикистон  буд.
Ба  намояндагони  ширкатҳои  истеҳсолии  «Суғд»  ва  ниҳодҳои  Минтақаи  озоди  иқтисодӣ,   ки фаъолияти  истеҳсолияш  мустақиман ё  ғайримустақиман   бо  истифодаи унсурҳои кимиёвӣ  алоқаманд аст,  рочеъ  ба   вазъи  корбурди  моддаҳои   ифлоскунандаи  кимиёвӣ  дар  ҷаҳон  ва  дар  Тоҷикистон, ҳамчунин  перомони  заминаи  қонунгузори оид  ба  идораи  моддаҳои  кимиёвӣ  муфассал  малумот  дода  шуд.

Апрель 17, 2015 10:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст