Таъмини занону духтарон бо ҷойи кор

Апрель 16, 2015 10:34

Душанбе, 16.04.2015. (АМИТ  «Ховар», Лайло Тоирӣ).- 15 апрел  дар Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» бо иштироки васеи аъзои Раёсати бонк, роҳбарият ва мудирони филиалҳои бонк, ҳамчунин сардорони воҳидҳои сохтории Раёсати бонк ҷаласаи ҷамъбасти семоҳаи фаъолияти соҳа баргузор гардид.  
Муовини  якуми раиси Раёсати бонк Руҳулло Ҳакимзода оид ба дастовардҳо ва натиҷаи фаъолияти бонк дар се моҳи соли ҷорӣ маърӯза намуд. 
Зикр шуд, ки имрӯз  шумораи умумии ПОС-терминалҳо дар марказҳои хизматрасонии бонкӣ ва марказҳои тиҷоратию нуқтаҳои савдо 560 ададро ташкил медиҳад ва дар баробари ин 158 банкомат дар миқёси ҷумҳурӣ насб шудааст, ки ин дар ҳама ҳолат мушкили корафтодагон ва мизоҷони бонкро осон мегардонад. 
Дар маърӯзаи Руҳулло Ҳакимзода масъалаҳои ислоҳ намудани камбудиҳои ҷойдошта, ҷалби пасандозу пешниҳоди қарзҳо, баргардонидани қарзҳои батаъхирафтодаю истифодаи мақсадноки қарзҳои пешниҳодгардида, ҷалби бештари занону духтарон ба ҷойҳои холии корӣ ва интизоми намунавӣ дар коргоҳ матраҳ гардиданд. 
Намояндаи Департаменти назорати бонкии Бонки миллии Тоҷикистон Кибриё Дустмуродовна оид ба масъалаҳои бетафовут набудан дар ҳамаи самтҳои фаъолият аз ҷониби мудирони филиалҳои бонк ва роҳ надодан ба амалҳои ғайриқонунӣ ибрози андеша намуд. 
Раиси Раёсат Ҷамшед Нурмаҳмадзода ба мудирони филиалҳо оид ба масъалаҳои иҷрои саривақтии нақшаҳое, ки ба зиммаи филиалҳои бонк гузошта шудаанд ва иҷро намудани онҳо то ҷаласаи ҷамъбасти шашмоҳа супоришҳои қатъӣ дод.
 

Апрель 16, 2015 10:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст