Тарбияи насли солим дар руҳияи худшиносӣ
Душанбе, 17.04. 2015. (АМИТ Ховар, Фарзонаи Давлат).-Дирӯз дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода мулоқоти раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Аҳтам Абдуллозода ва раиси Кумитаи кор бо занон ва оила Махфират Хидирзода бо донишҷӯён баргузор гардид. Бино ба иттилои Наврӯз Қурбонов, мутхассиси пешбари Бахши таҳлилу иттилооти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, ҳадаф аз баргузории мулоқот тарбияи насли солим ва дар руҳияи худшиносӣ инкишоф ёфтани ҷавонон арзёбӣ шуд. Дар мулоқот Махфират Хидирзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оила ба масъалаи фарҳанги оиладории ҷавонон дахл намуда, изҳор дошт, ки барпо намудани оилаи солим низ масъулияти баландро талаб менамояд. Номбурда таъкид намуд, ки дар оила бояд самимият бошад ва барои ин маърифати оиладории ҷавононро баланд бардоштан зарур аст. Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Аҳтам Абдуллозода аз ҳаводиси солҳои охир, ки дар гӯшаҳои гуногуни дунё рӯй медиҳанд ва гумроҳии баъзе ҷавонони тоҷик изҳори нигаронӣ карда, гуфт, дар марҳалаи кунунӣ ҷавонони тоҷик бояд бомулоҳиза ва эҳтиёткор бошанд, зеро ба таъкиди Абдуллозода гурӯҳҳои алоҳида аз ҷавонон истифода мекунанд. Гуфта мешавад роҳбари ҷавонони кишвар ба масъалаи забономӯзии донишҷӯён таваҷҷуҳ карда, изҳор дошт, ки дар замони муосир донистани забонҳои хориҷӣ барои ҷавонон имкониятҳои зиёдеро фароҳам меоварад. Шумо хушбахтед, ки барои шумо имкони ходан дар донишгоҳу донишкадаҳоро фароҳам овардаанд. Аз ин рӯ, донистани забонҳои хориҷӣ барои шумо шарти зарурӣ мебошад,-афзуд раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Аҳтам Абдуллозода зимни мулоқот бо донишҷӯён.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






