Татбиқи лоиҳаҳои ҳукумати Ҷопон дар ВМКБ ва Ҷиргатол

Апрель 2, 2015 10:30

Душанбе, 02.04.2015. (АМИТ «Ховар»).-  25  март  сафири  Ҷопон  дар  Тоҷикистон  Такаши  Камада  дар  маросими  анҷоми  татбиқи  лоиҳаи  сохтмони  шуъбаи  ҷарроҳии    беморхонаи  минтақавии  шаҳраки  Лахши  ноҳияи  Ҷиргатол  иштирок  намуд. 
Тавре  ки  аз  сафорати  Ҷопон  дар  Тоҷикистон  ба   АМИТ «Ховар»  хабар доданд, ҳукумати  Ҷопон  дар ҳошияи  барномаи  кӯмаки  бебозгашт барои  табақаҳои  васеи  аҳолӣ  ва  амнияти  гуманитарӣ  лоиҳаи  арзишаш  111 ҳазору  133 доллари  ИМА — ро  дар  амал  татбиқ  намуд. 
26 март  Такаши Камада  дар  маросими  анҷоми  татбиқи  лоиҳаи  такмили  беморхонаи   минтақавии  ҷамоати  Қарокӯли  ноҳияи  Мурғоб  иштирок  намуд. Барои  бунёди  бинои  нави  беморхона ва   насби  таҷҳизоти нави тиббӣ 120  ҳазору  373  доллар  ҷудо  карда шуда буд. Ёдовар  мешавем, ки бинои  пештараи   беморхона  соли  1960 сохта шуда ва  шароити  зарурӣ  надошт.  Дар  ҳошияи  лоиҳа  беморхона  ба  бинои  наве   гузаронида шуд, ки  таҷҳизоти нави тиббӣ  дорад.
29  март  сафири  Ҷопон  дар  Тоҷикистон  дар  маросими  дигари  анҷоми  татбиқи  лоиҳа дар  деҳаи  Сижди  ноҳияи  Шуғнон, ки дар он  ҷо «Лоиҳаи  ҷилавгирии офатҳои  табиӣ  дар  қад — қади  дарёи  Панҷ» дар  амал  татбиқ  шудааст, иштирок дошт. 
Ҳукумати  Ҷопон барои  соҳилбандӣ  дар  деҳаи  Риҷисти  ноҳияи  Роштқалъа  ва  деҳаҳои  Барсем  ва  Шитами   ноҳияи  Шуғнон,  сохтмони пули  пиёдарави  деҳаи Сижди  ноҳияи  Шуғнон  ва  қишлоқи  Андарви  ноҳияи  Роштқалъа 103  ҳазору  867 доллар ҷудо  карда буд. Ғайр  аз  ин канали обёрии деҳаи Биҷури  ноҳияи  Роштқалъа  барқарор  карда шуд.
 
 

Апрель 2, 2015 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст