Таваҷҷуҳи ширкати русиягӣ ба хушкмеваи Суғд

Апрель 25, 2015 10:25

Хуҷанд, 25.04.2015. (АМИТ “Ховар”,Абдуаҳад Шарифзода).-Намояндагии ширкати русиягии “Монетка” ба харидории маҳсулоти кишоварзӣ, махсусан меваи хушки  хоҷагиҳои вилояти Суғд таваҷҷуҳи хосса дорад. Ин нуқтаи назар зимни ташрифи намояндагии ширкати мазкур ва мулоқот бо раиси вилояти Суғд зикр ёфт.  Тавре ки аз маркази иттилоотии раиси вилояти Суғд хабар доданд, раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ мушовири намояндагии тиҷоратии Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Магомед Тоштемиров ва директори тиҷоратии шабакаи тиҷоратии «Монетка» — и Русия Константин Шаповаловро ба ҳузур пазируфт.
Зимни суҳбат Абдураҳмон Қодирӣ оид ба ҷараёни ислоҳоти кишоварзӣ таъкид кард, ки дар вилояти Суғд имкониятҳои фаровон барои коркард ва банду басти меваи хушк ва содироти он ба хориҷа мавҷуд буда, дар ин замина ҳамасола аз ҳудуди вилоят  содироти маҳсулоти кишоварзӣ, махсусан меваи хушк ба хориҷа дар ҳоли афзоиш қарор дорад.
Константин Шаповалов аз қабули гарму самимӣ изҳори хушнудӣ намуда, таъкид кард, ки шабакаи тиҷоратии «Монетка» дар минтақаҳои гуногуни Русия, аз қабили Свердловск, Челябинск, Тюмен, Томск, Перм, Курган ва дар маҷмӯъ, дар 230 шаҳри Русия беш аз 700 мағозаи худро фаъол намудааст. Маҳз чунин фарогирӣ ба ин шабакаи тиҷоратӣ имкон медиҳад, ки хариди маҳсулоти баландсифати хоҷагии қишлоқро аз хориҷа низ ба роҳ монад. Дар ин замина имкониятҳои ҷониби Тоҷикистон хеле хуб арзёбӣ шуд.

Апрель 25, 2015 10:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст