«Тоҷикистон, Баҳор 2015» ифтитоҳ меёбад

Апрель 3, 2015 15:45

             Душанбе, 03.04.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Аз 9 то 12 апрели соли равон дар «Кохи Борбад»-и шаҳри Душанбе намоишгоҳи байналмилалии саноатӣ  ва тиҷоратии  «Тоҷикистон, Баҳор 2015» баргузор мегардад. Созмондиҳандагони ин намоишгоҳ Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди  «TOJEXPO» маҳсуб меёбанд.
     Интизор меравад, ки дар намоишгоҳ  ширкатҳои мухталифи ватанию хориҷӣ молу маҳсулоти худро ба маърази тамошо мегузоранд. Аз Палатаи савдо ва саноати кишвар ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар намоишгоҳ корхонаю ширкатҳои ватанию хориҷӣ маҳсулотҳои истеҳсолии худро дар бахши саноати хӯрокворӣ ва нӯшобаҳо, кишоварзӣ, сохтмон, энергетика, кишоварзӣ, саноати истихроҷи маъданҳои  кӯҳӣ, сайёҳӣ  ба намоиш хоҳанд гузошт. 
       Ҳадафи баргузории намоишгоҳ муаррифии молу маҳсулоти ширкатҳои ватанию хориҷӣ ва ҷалби сармоягузорони хориҷӣ ба Тоҷикистон, инчунин таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ арзёбӣ мегардад.

Апрель 3, 2015 15:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст