Убайдуллоев — ғолиби Ҷоми Пойтахт оид ба теннис
Душанбе, 27.04.2015. (АМИТ “Ховар”, Ситораи Боймурод).- Ба иттилои Кумитаи миллии олимпии кишвар мусобиқаи кушода байни дӯстдорони теннис барои Ҷоми пойтахти Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 70-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 рӯзҳои 25-26 апрел дар Қасри тенниси шаҳри Душанбе доир шуд.
Гуфта мешавад, ки Ҷамолиддин Убайдуллоев, сардори Раёсати созмонҳои байналмилалии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар қувваозмоии ниҳоӣ бар ғолиби порсолаи ин мусобиқа Қосим Раҷабмадов, корманди масъули Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон пирӯз шуд ва бо мукофоти аслӣ — Ҷоми Пойтахт, медали тилло ва туҳфаҳо сарфароз гашт. Ба Раҷабмадов барои ҷойи дуюм ҷому медали нуқра ва туҳфаҳо супурда шуданд.
Амирҷон Убайдуллоев, бародари хурдии Ҷамолиддин, ки муовини мудири шуъбаи молияи Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон аст, ҷойи сеюм ва Баҳодур Ҳомидов, прокурори ноҳияи Синои Душанбе, ҷойи чорумро гирифтанд. Ҳарду бо ҷому медалҳои биринҷӣ ва туҳфаҳо мукофотонида шуданд.
Ба ҳамаи ширкаткунандагони мусобиқа ва ҳайати доварон сертификатҳои Кумитаи байналмилалии олимпӣ ва Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, инчунин туҳфаҳои Ширкати мобилии «Мегафон” супурда шуданд.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






