Ванҷ: 1442 шаҳрванд дар хориҷи кишвар аст
Душанбе, 27.04.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Ҳафтаи гузашта дар ҷамоати деҳоти «Маҳмадулло Абдуллоев»- и ноҳияи Ванҷ бо иштироки вакилон ва роҳбарони сохторҳои ҳокимяти маҳал вазъи муҳоҷирати меҳнатӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Озодбахт Қӯқаншоев, мутахассиси бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ванҷ зикр намуд, ки 1442 нафар сокини ин деҳот дар хориҷи кишвар, бахусус дар Федератсияи Русия қарор дошта, аз онҳо 136 нафараш зан ва 616 нафарашро ҷавони аз 18 то 30- сола ташкил медиҳад.
Бояд гуфт, ки ҳафтаи равон 178 нафар сокини ҷамоат барои санҷиши воридшавӣ ба Федератсияи Русия муроҷиат намуд. Ҳангоми санҷиш муайян гардид, ки аз теъдоди умумии муроҷиаткунандагон барои 107 нафараш вуруд ба ФР ба муҳлати аз 3 то 5 сол манъ карда шудааст.
Банди анҷоми вохўрӣ сардорони мақомоти ҳудуди ҷамоат вазифадор гардиданд, ки баҳри баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии муҳоҷирони меҳнатӣ, ба курсҳои кўтоҳмуддати омўзиши забони русӣ фаро гирифтани онҳо ва баргузор намудани чорабиниҳои иттилоотию маърифатӣ дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ кӯшиш намоянд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






