Вазъияти мураккаб дар Яман

Апрель 2, 2015 15:09

Душанбе,02.04.2015. (АМИТ «Ховар».-Иброҳими Ҳабибуллоҳ).-Вазъият дар Яман рӯз аз рӯз мураккаб мешавад. Дар давоми 7 рӯзи гулӯлаборон кардани ҳудуди ин мамлакат аз ҷониби неруҳои эътилоф дар Яман зиёда аз 180 нафар ба ҳалокат расида, чанд нафари дигар захми гуногун бардошт. Гуфта мешавад, ки шумораи қурбониён торафт меафзояд. Ба гуфти  Созмони ЮНИСЕФ тайи ҳафтаи сипаригардида дар Яман бар асари даргириҳо 62 наврас ба ҳалокат расид. Намояндагони ин созмони маъруфи ҷаҳонӣ вазъиятро дар Яман ниҳоят ташвишовар арзёбӣ мекунанд.
      Душанбе,02.04.2015. (АМИТ «Ховар»).-Дирӯз дар ҳудуди Нигерия гурӯҳи ифротгарои «Боко-Ҳарам» боз ба амалҳои террористӣ дар ҳудуди штатҳои Йобе ва Гомбе даст зад.  Тибқи иттилои расида, бар асари таркишҳо 15 нафар ба ҳалокат расида, даҳҳо тани дигар захмҳои гуногуни ҷисмонӣ  бардоштанд.  Вазъи саломатии чанд нафар аз захмиёнро кормандони соҳаи тибб ниҳоят вазнин арзёбӣ мекунанд. Қаблан дар робита ба содир гардидани амалҳои террористӣ дар штатҳои номбурда ҳукуматдорон ҳолати фавқулода эълон карданд.
 
 Душанбе,02.04.2015. (АМИТ «Ховар»).- Мувофиқи иттилои масъулини Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Ҷумҳурии Перу  бар асари офати табиӣ ва боришоти пай дар пайи борон сатҳи оби дарёҳо баланд гардида, ба 3  минтақаи аҳолинишин Тумбес ва Мокегуна, воқеъ дар марз бо Эквадор ҷорӣ гардид. Гуфта мешавад, ки дар вақти омадани сел 28 нафар ба ҳалокат расида, чанд тани дигар дар рӯйхати бедаракгардидагон шомил аст. Инчунин дар мавзеъҳои аз офати табиӣ зарардида 1 ҳазору 200 бинои истиқоматӣ зери обу гил мондааст. Ҳукуматдорони Перу дар робита ба номусоид гардидани ҳаво ва обхезии шадид дар 3 минтақа ҳолати фавқулода эълон карданд. 
 

Апрель 2, 2015 15:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст