Вохӯрии ҳайати сарситоди сарҳадбононии Тоҷикистону Ӯзбекистон
Хуҷанд, 27.04.2015. (АМИТ “Ховар”,Абдуаҳад Шарифзода).-Дирӯз дар шаҳри Хуҷанд аввалин вохӯрии байни сардорони сарситоди қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон доир гашт. Мулоқоти ҳайатҳои расмии дуҷониба дар Қасри Арбоб таҳти роҳбарии муовини аввали фармондеҳи қӯшунҳои сарҳадӣ -сардори штаби генералии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон полковник Х.Сафаров ва муовини аввали фармондеҳи қӯшунҳои сарҳадӣ- сардори штаби генералии қӯшунҳои сарҳадии Хадамоти амнияти миллии Ҷумҳурии Ӯзбекистон генерал майор Н.Усмонбеков баргузор гардид.
Зимни вохӯрии ҳайатҳои дуҷониба натиҷабардорӣ оид ба ҷараёни масъалаи муҳофизати марзи давлатӣ миёни ду кишвар, гузаронидани корҳои пешгирикунанда байни аҳолии деҳоти ҳаммарз, пешгирии ғайриқонунии убури сарҳади давлатӣ ва ҳамчунин дар ҳолати ба вуҷуд омадани муаммоҳо ҳангоми муҳофизати хатти сархад ҳал намудани онҳо дар сатҳи роҳбарони минтақаҳои сарҳадӣ ва риояи шартҳои протоколҳои ба имзорасидаи байнидавлатӣ оид ба муҳофизати сарҳадро баррасӣ намуданд.
Мулоқот бо имзои қарордоди ҳамкориҳои судманди дуҷониба ба анҷом расид.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






