Як рўзи ҷумҳуриявии тамошои осорхона

Апрель 3, 2015 14:20

Душанбе, 03.04.2015 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-5 апрели соли равон дар кишвар рўзи дарҳои кушоди осорхонаҳо зери унвони «Як рўзи ҷумҳуриявии тамошои осорхона» доир мегардад, ки сокинон метавонанд аз осорхонаҳо ройгон дидан намоянд. 
Ин иқдом аз ҷониби Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва Вазорати фарҳанги кишвар ба роҳ монда шуда, мақсад аз баргузории чорабинӣ рушди туризми дохилӣ ва ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба мероси фарҳангии кишвар, инчунин ҷиҳати саҳмгузорӣ ба хотири ғанӣ гардонидани маънавиёти ҷавонону наврасон арзёбӣ мегардад. 
Бино ба иттилои Наврӯз Қурбонов, мутхассиси пешбари Бахши таҳлилу иттилооти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, бо таваҷҷуҳ ба иқтидор, хусусиятҳои табиӣ ва таърихию фарҳангӣ дар қатори дигар самтҳо соҳаи сайёҳӣ- туризми таърихиву фарҳангӣ ва этнографӣ  низ дар кишвар ҳамчун самти афзалиятноки иқтисодиёти миллӣ эълон гардидааст.
Дар робита ба ин, дар кишвар «Барномаи рушди туризм дар давраи солҳои 2015-2017», Нақшаи чорабиниҳо оид ба муаррифии имкониятҳои туризми дохилии Тоҷикистон дар соли 2015 қабул гардиданд, ки ҷиҳати татбиқи он чорабиниҳо минбаъд низ роҳандозӣ мегарданд.
 

Апрель 3, 2015 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст