Ғалабаи «Далерон-Ӯротеппа» бар «Барқи тоҷик»-и Душанбе

Май 29, 2015 11:35

Душанбе, 29.05.2015. (АМИТ «Ховар», Меҳрони Қурбон).-Дастаи «Далерон-Ӯротеппа»-и Истаравшан дар бозии мавқуфгузоштаи даври якуми сабқати лигаи олии футболи Тоҷикистон дар майдони худ  дастаи  «Барқи тоҷик»-и Душанберо бо ҳисоби 2-0 шикаст  дод.
Ёдовар  мешавем,  ки  голҳоро Акуффо Гершон, легионери африқоӣ аз Гана дар нимаи аввали бозӣ ва Меҳрулло Бобоев дар нимаи дувум ба ҳадаф расониданд. Баъди ин ғалаба дастаи “Далерон-Ӯротеппа” бо 11 имтиёз дар ҷадвали мусобиқа ба ҷойи панҷум баромад. 
 
 
 

Май 29, 2015 11:35

Хабарҳои дигари ин бахш