Ғалабаи навбатии «Истиқлол» дар Истаравшан

Май 19, 2015 14:56

Душанбе, 19.05.2015. (АМИТ»Ховар», Рафоати Абдулҳамид).- Дар бозии ҷамъбастии даври шашум, ки рӯзи душанбеи 18-уми  май дар варзишгоҳи марказии шаҳри Истаравшан баргузор шуд, чемпиони феълии Тоҷикистон “Истиқлол”-и Душанбе бар  “Далерон- Ӯротеппа”  и Истаравшан бо ҳисоби 1 бар 0 ғолиб шуд. Голи ягонаи меҳмононро дар дақиқаи 4 вохӯрӣ Хосе Баллестер ба ҳадаф расонд.
Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон ин ғалабаи шашуми пайдарҳами чемпиони секаратаи Тоҷикистон дар чемпионати имсола мебошад. Шогирдони Мубин Эргашев аз 6 бозӣ 18 имтиёзи имкониятдоштаро соҳиб шуда, дар садри ҷадвали мусобиқа қарор доранд. “Истиқлол” нисбат ба витсе-чемпиони мамлакат “Хайр”-и Ваҳдат, ки зинаи дуюми ҷадвали мусобиқаро ишғол мекунад, панҷ имтиёз зиёд дорад. Гузашта аз ин, футболбозони дастаи пойтахт ба дарвозаи ҳарифон дар 6 бозӣ, аз ҳама бештар 27 гол зада, аз дарвозаи худ аз ҳама кам, ҳамагӣ ду тӯб гузарониданд.
Бозии навбатии худро чемпиони мо дар доираи бозиҳои 1/8 ниҳоии Ҷоми КФО-2015 рӯзи 26- уми  май бо “Ал- Ваҳда”-и Сурия мегузаронад. Ин вохӯрӣ соати 20.00 дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ доир мегардад.
Дар доираи бозиҳои чемпионати Тоҷикистон “Истиқлол” рӯзи 29- уми май дар майдони худ “Регар- ТадАз”- и Турсунзодаро қабул мекунад. Ин вохӯрӣ бо сабаби иштироки “Истиқлол” дар Ҷоми КФО аз 24- ум  ба 29 — уми май гузаронида шуд.
 Ҳаминро зикр мекунем, ки дастаи шаҳри Турсунзода низ дар айни ҳол дар бозиҳои чемпионати имсолаи кишвар байни дастаҳои лигаи олӣ ба мағлубият дучор нашудааст.
 

Май 19, 2015 14:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст