Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон 21 — сола шуданд

Май 28, 2015 11:25

Душанбе, 28.05.2015. (АМИТ «Ховар»,  Муқаддас  Темурзода).- 28  май  ба  ифтихори  21 — солагии рӯзи  таъсисёбии Қӯшунҳои  сарҳадии  Тоҷикистон  дар  Маркази  таълимии «Пойтахт» — и  шаҳри  Душанбе маросими ботантана баргузор  гардид. 
Дар  ин  чорабинӣ  фармондеҳи  Қӯшунҳои  сарҳадии Кумитаи  давлатии амнияти  миллии  ҶТ генерал — лейтенант Раҷабалӣ  Раҳмоналӣ,  ҳамчунин  намояндагони  хадамоти сарҳадии Хадамоти федералии  амнияти  Федератсияи  Русия  дар  Ҷумҳурии  Тоҷикистон,  собиқадорон ва даъватшавандагони  хидмати сарҳадии Тоҷикистон  иштирок  доштанд. 
Дар оғози  чорабинӣ  Раҷабалӣ  Раҳмоналӣ ҳозиронро  бо  21 — умин  солгарди  таъсисёбии Қӯшунҳои  сарҳадии  Тоҷикистон  муборакбод  намуда,  сипас қариб 150  нафар  сарҳадбонони нав  қасам  ёд  карданд.
Дар  бахши  ботантанаи  чорабинӣ   натиҷаи  бозиҳои  варзишӣ, ки  аз  22  то  27  май   байни   мақомоти  ҳифзи  ҳуқуқ ва  сохторҳои  қудратии  кишвар  ба  манзури таҳкими  ҳамкории  муштарак  доир  шуданд, ҷамъбаст  гардида, ба  ғолибони  мусобиқот   диплому  инъомҳои  қиматбаҳо  тақдим  шуданд.
Чорабинӣ  бо  маросими  гузашти сарҳадбонон ва  консерти  ходимони  санъати  Тоҷикистон  анҷом ёфт.

Май 28, 2015 11:25

Хабарҳои дигари ин бахш