Қайроққум: Баргузории ҷаласаи котибони Шӯроҳои амнияти СААД
Қайроққум, 21.05.2015. (АМИТ “Ховар”, Абдуаҳад Шарифзода).-Дирӯз, 20 май дар шаҳри Қайроққуми вилояти Суғд ҷаласаи Кумитаи котибони шӯроҳои амнияти Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа, ки таҳти раёсати Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Абдураҳим Қаҳҳоров доир гашт, котиби Шӯрои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ Николай Бордюжа ва котибони шӯроҳои амнияти ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Федератсияи Русия иштирок намуданд.
Зимни баргузории ҷаласа ҷонибҳо оид ба масъалаи амнияти байналмилалӣ ва тадбирҳои кишварҳои узви СААД ҷиҳати бартараф кардани таҳдид ва хатарҳо барои минтақаи амнияти дастҷамъӣ, оид ба вазъият дар шарқи Аврупо, Осиёи Марказӣ, Қафқози шимолӣ ва Шарқи Наздик, инчунин табодули андешаҳо ҷиҳати мушкилоти фарогир, ки ба таъмини амнияти минтақаи СААД ва манотиқи атрофи он тааллуқ дошта ва ҳамчунин раванди ҳаводиси Афғонистон ва таъсири он ба минтақаи таҳти уҳдадории СААД мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар интиҳои ҷаласа ҳалномаи нақшаи тавсияҳои намояндаҳои кишварҳои узви СААД оид ба сиёсати хориҷӣ, амният ва мудофиа барои нимсолаи дуввуми соли 2015 ва нимсолаи аввали соли 2016, ҳалномаи протоколӣ оид ба замон ва баргузории нишасти навбатии ҷаласаи Кумитаи котибони шӯроҳои амнияти Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ба имзо расид.
Ҷаласа бо нишасти хабарӣ анҷом ёфт.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






