Қурби доллари ИМА раванди пастравиро идома дод
Душанбе, 30.05.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Дар давоми ҳафтаи равон қурби доллари ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ раванди пастравиро соҳиб гашта, тадриҷан дар 28 майи соли 2015 ба ҳисоби миёна арзиши хариди он то 6,1700 сомонӣ ва фурӯшаш то 6,1900 сомонӣ барои 1 доллари ИМА паст фаромад.
Дар ин рӯз қурби расмӣ 6,2685 сомонӣ барои 1 доллари ИМА ва қурби муқарраркардаи Бонки миллии Тоҷикистон барои нуқтаҳои мубодилаи асъор то 6,52 сомонӣ харид ва то 6,54 сомонӣ фурӯш барои 1 доллари ИМА баробар буда, аз бетағйиру доимӣ ва пай дар пай боқӣ мондани сиёсати қурбии Бонки миллии Тоҷикистон дар моҳи май шаҳодат медиҳад.
Сабабҳои паст шудани қурби доллари ИМА-и нақдӣ ин аз як тараф зиёд шудани пешниҳоди он ба бозори дохилӣ аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ, барқарор шудани тамоми манбаҳои ворид шудани асъори хориҷӣ ба ҷумҳурӣ, аз ҷумла аз содирот ва интиқоли пулии шаҳрвандон, кам шудани ҳаҷми асъори аз ҷумҳурӣ ба хориҷа бароянда, аз тарафи дигар пурзӯр шудани назорати истифодаи асъори хориҷӣ дар муомилот зарурияти танҳо бо сомонӣ харидорӣ шудани молҳои гаронарзишро ба миён овард ва талаботро ба доллари ИМА-и нақдӣ кам кард.
Фароҳам овардани шароиту имконияти бо сомонӣ пардохт кардани қарзи асосӣ ва фоизҳои қарзӣ бо асъори хориҷӣ гирифтаи шахсони воқеӣ омили дигари кам шудани талабот ба асъори нақди хориҷӣ гашт.
Ҳамаи ин омилҳо барои ба эътидол омадани қурби сомонӣ ва барқарор гаштани суботу муназзамии фаъолияти бозори нақдии асъор мусоидат намуд.
Бонки миллии Тоҷикистон минбаъд низ ҳамин сиёсати қурбии худро пайгирона амалӣ хоҳад кард.
Қурбҳои миёнаи амалиёт бо рубли русӣ ва евро низ дар ин давра каме паст шуда, мувофиқан ба 0,1210-0,1230 сомонӣ барои як рубли русӣ ва ба 6,8990-6,9350 сомонӣ барои як евро баробар шуданд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуотии БМТ иттилоъ доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд






