Ҳамкории ташкилотҳои озуқаворӣ ва кишоварзии ИМА ва СММ
Душанбе, 12.05.2015 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).- Намояндаи ИМА дар Оҷонсиҳои озуқаворӣ ва кишоварзӣ СММ дар Рум сафир Дэвид Лейн аз 11-ум то 16 майи соли 2015 аз Тоҷикистон дидан хоҳад кард.
Бино ба иттилои сафорати ИМА дар Тоҷикистон, дар якҷоягӣ бо cафири ИМА дар Тоҷикистон Сюзан Эллиотт, сафир Лейн аз ҷамоатҳои деҳот бо мақсади арзёбӣ намудани ҳамкории ташкилотҳои озуқаворӣ ва кишоварзии ИМА ва СММ ҷиҳати дастгирии деҳқонон, намояндагони соҳаи тиҷорат ва ҳукумат, ки барои беҳтар намудани сатҳи амнияти озуқаворӣ ва рушди кишоварзӣ дар Тоҷикистон равона шудаанд, дидан хоҳанд кард.
Сафир Лейнро панҷ нафар рӯзноманигорон аз ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Арманистон, Гурҷистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон ҳамроҳӣ менамоянд. Онҳо аз лоиҳаҳои мухталиф, ки таҳти дастгирии Ҳукумати ИМА, Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ (FAO), Барномаи озуқавории ҷахонӣ (WFP) ва Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ (IFAD) амалӣ мегарданд, дидан хоҳанд кард.
Барномаҳои мазкур ташаббуси Ҳукумати ИМА“Озуқаворӣ ба хотири оянда”-ро, ки таҳти роҳбарии Агентии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ (USAID) ва дигар барномаҳо, ки барои ислоҳоти замин, идораи босамари захираҳои об, таъмини кӯдак бо ғизои босифат ва саломатии модарон равона шудаанд, дар бар мегиранд. Инчунин барномаҳои озуқаворӣ ва кишоварзии СММ дар самти ассотсиатсияи зотпарварӣ, хоҷагии тухмипарварӣ ва беҳтар намудани маҳсулоти боғдорӣ; барномаҳои WFP, оид ба дастгирӣ намудани табобати норасоии шадиди ғизо, таъмини хӯрокӣ барои мактаббачагон ва ҷомеаҳо дар сохтмони хати таъмини оби ошомиданӣ низ ба онҳо шомиланд.
Ҳамчунин гурӯҳ аз барномаҳои IFAD, ки ба ҷамоатҳо дар равона кардани захираҳо ҷиҳати ҳалли мушкилоти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мусоидат менамояд, дидан мекунад.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






