Ҳамоиши илмии Кашмир- васлгари робитаҳои адабии тоҷику Ҳинд
Душанбе, 4.05.2015. (АМИТ «Ховар», Манижа Баҳромзода).- Сарзамини Ҳинд асрҳои тўлонӣ аз марказҳои муҳими фарҳанги мардумони фосизабон ба шумор меравад, ки дар он аз ҷумла адабиёте ба вуҷуд омадааст, ки бо унвони адабиёти форсизабонони Ҳинд маъруф буда, садҳо суханвари тавоноро ба майдони адабиёту ҳунар овардааст. Робитаи ин адабиёт ба адабиёти ҳавзаҳои дигари форсизабонон, амсоли адабиёти доираҳои Бухорову Самарқанд, Ҳироту Исфаҳон, Шерозу Хуҷанд хеле қавӣ ва пурсамар будааст, ки мутаассифона, ҳанўз хеле кам баррасӣ шудааст.
Ҳамоиши байналмилалии «Мероси муштараки адабии Ҳинд ва Осиёи Марказӣ, Афғонистон ва Эрон», ки чанде қабл дар Донишгоҳи Кашмири Ҳиндустон баргузор гардид, ба барасии чунин робитаҳои пурсамар бахшида шуд. Дар ин бора аз Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд. Ба иттилои Латиф Латифӣ, котиби матбуоти АИ ҶТ
ҳамоиши мазкур бо ташаббуси Маркази омўзиши Осиёи Марказии Донишгоҳи Кашмир ва Бунёди байналмилалии Бедил ташкил гардида, дар кори он донишмандони кишварҳои гуногуни олам ширкат варзиданд. Профессор Абдунабӣ Сатторзода, Мирзо Муллоаҳмад, узви вобастаи АИ ҶТ ва Замира Ғаффорова, профессори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Б. Ғафуров аз ҷумлаи нафароне буданд, ки дар ҷаласаҳои ифтитоҳиву хотимавӣ ва бахшҳои илмии ҳамоиш сухан гуфта, дастовардҳои илми тоҷикро дар таҳқиқи робитаҳои адабии тоҷику ҳинд муаррифӣ намуданд.
Ба иттилои манбаъ дар ҳамоиши мазкур доктор Ҳосиб Дробу-вазири фарҳанг ва молияи устони Кашмир ва Ҷамаи Ҳиндустон низ сухан намуда, зарурати баррасии бештари фарҳанги форсизабонро таъкид кард. Дар бахшҳои гуногуни ҳамоиш беш аз 50 суханронии илмии муҳаққиқони кишварҳои гуногуни дунё шунида ва баррасӣ шуд.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






