Ҷаласаи Х Гурўҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба муҳоҷират

Май 28, 2015 10:24

Душанбе, 28.05.2015. (АМИТ  «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Имрўз,  28 май дар шаҳри Душанбе ҷаласаи  10-уми  Гурўҳи кории муштараки Тоҷикистону Русия оид ба амалигардонии Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия дар бораи фаъолияти меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия ва шаҳрвандони Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 октябри соли 2004 ба кори худ оғоз кард. Дар ҷаласа  Гурўҳи кориро аз Ҷумҳурии Тоҷикистон  вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сумангул Тағойзода ва аз ҷониби Федератсияи Русия муовини роҳбари Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия  В. Яковенко роҳбарӣ менамоянд. Инчунин дар кори ҷаласа Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  Лякин-Фролов И. С. ва роҳбари Намояндагии Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  В.Маркевич иштирок доранд.
Бино ба иттилои сардори Раёсати муносибатҳои байналмилалӣ ва робита бо ҷомеаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Латифӣ Усмоналӣ Ноибпур, рўзномаи ҷаласа   7 масъаларо  ҷиҳати татбиқи Созишномаи мазкур дар бар гирифта, дар он оид ба омодагии тарафҳо ҷиҳати баимзорасонии 4 адад  лоиҳаи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия дар самти муҳоҷират, аз ҷумла, дар бораи реадмиссия ва Протоколи иҷроия оид ба тартиби татбиқшавии он, оид ба ҷалби муташакилонаи шаҳрвандони  Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаъолияти меҳнатии муваққатӣ дар қаламрави Федератсияи Русия, дар бораи суғуртаи иҷтимоӣ ва таъмини нафақаи шаҳрвандони тарафҳо ва оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷират (мубодилаи иттилоот) баррасӣ шуданд. 
Инчунин дар ҷаласа  вобаста ба мақоми ҳуқуқии Намояндагии мақомоти муҳоҷирати тарафҳо,  кори гурўҳи экспертӣ доир ба баррасии 5табақаи категорияи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки воридшавии онҳо ба қаламрави Федератсияи Русия манъ гардидааст,  оид ба ҳалли масъалаи эътирофи сертификатҳои тиббӣ оид ба вазъи  саломатии муҳоҷирони меҳнатӣ ва оид ба ҳолати амалишавии муқаррароти Протоколи байниҳукуматӣ аз 29 октябри соли 2013, ки иҷозати кор барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба муҳлати то 3 сол муайян кардааст, мавриди муҳокима қарор дода шуд.
Дар назар аст, ки баъд аз музокирот тарафҳо оид ба ҳар як банди рўзнома қарорҳои мушаххас қабул намоянд.
 
 

Май 28, 2015 10:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст