Ҷамъбасти чорабиниҳои “30 рӯзи ҷавонӣ”
Душанбе, 29.05.2015 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Имрӯз дар маркази фарҳангии ҷавонон — “Ориёно” бо баргузории як чорабинии фарҳангӣ чорабиниҳои “30 рӯзи ҷавонӣ”, ки бахшида ба Рӯзи ҷавонон эълон гардида буданд, ҷамъбаст гардиданд.
Дар чорабинӣ раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Аҳтам Абдуллозода ҳамаи ҷавонон ва иштирокдоронро табрик намуд.
Номбурда изҳор дошт, ки 23 май эълон гардидани Рӯзи ҷавонон аз он шаҳодат медиҳад, ки Ҳукумати мамлакат бо роҳбарии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонон таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд.
Ҳамзамон дар чорабинӣ Аҳтам Абдуллозода аз дастгирии роҳбарияти олии мамлакат нисбат ба ҷавонон ёдовар гардида, иштирокдорон ва ҷавононро ба аз бар намудани илмҳои замонавӣ даъват кард.
Дар чорабинӣ аз ҷониби роҳбарияти Кумита Аҳтам Абдуллозода ба як гурӯҳ кормандони васоити ахбори омма, кормандони дастгоҳи марказӣ ва зерсохторҳои кумита барои иштироки фаъолона дар чорабиниҳои фарҳангӣ — маърифатӣ дар доираи “30 рӯзи ҷавонӣ” бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таҳти унвони “Ҷавонон — давомдиҳандагони ҳадафҳои олии кишвар” “Сипоснома” тақдим гардид.
Инчунин дар маросими ҷамъбастии чорабиниҳои “30 рӯзи ҷавонӣ” ба гирандагони Стипендияи президентӣ маблағи пулӣ ва шаҳодатнома дода шуд.
Лозим ба ёдоварист, ки чорабиниҳои идона бахшида ба Рӯзи ҷавонон дар тӯли як моҳ идома карда, дар тамоми воситаҳои ахбори омма инъикоси васеъ ёфтанд.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






