Ҷамъбасти “Донояк” дар кӯдакистонҳои Хуҷанд

Май 30, 2015 09:11

Хуҷанд, 30.05.2015. (АМИТ “Ховар”, Абдуаҳад Шарифзода).-Дар маркази Суғд- шаҳри Хуҷанд  дар доираи чорабиниҳои нақшавии шуъбаи маорифи шаҳр бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдак байни муҳассилини кӯдакистонҳои маркази вилоят озмуни шаҳрии “Донояк” баргузор гардид. 
Тавре ки масъулин аз Раёсати маорифи вилояти Суғд хабар доданд,  озмуни мазкур дар кўдакистони хусусии «Дилоро»-и шаҳр  доир гашта, дар он толибилмон- кӯдакон аз  31 муассисаи томактабии Хуҷанд иштирок намуданд. 
Дар интиҳои озмун  ғолибон ва иштирокдорони фаъол аз кӯдакистонҳои №№40, 33,13, 25, 12,36,24 бо  ифтихорномаву сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии шуъбаи маориф сарфароз гардиданд.  Тибқи маълумоти манбаъ, акнун ғолибони озмуни шаҳрӣ ба даври вилоятӣ тайёрӣ хоҳанд дид. 

Май 30, 2015 09:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст