Ҷамъбасти Форуми ҷавонон дар Кӯлоб
Душанбе, 19.05.2015. («АМИТ Ховар», Некрӯзи Муҳаммадсодиқ).-Дар доираи нақшаи чорабиниҳои 30 рӯзи ҷавонӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таҳти унвони «Ҷавонон давомдиҳандагони ҳадафҳои олии кишвар» 15-16 майи соли равон бо ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи технологии Тоҷикистон аввалин Форуми байналмилалии «Ҷавонон-неруи рушди зеҳнии кишвар» дар шаҳрҳои Душанбе ва Кӯлоб доир гардид. Дар Форуми байналмилалӣ олимон ва ҷавонони ихтироъкор ҳам аз дохил ва ҳам аз хориҷи кишвар ширкат варзиданд.
Ба таъкиди масъулини Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ баргузории Форум ба рушди интеллектуалӣ ва муаррифии неруву имкониятҳои зеҳнии ҷавонони 68 шаҳру ноҳияи мамлакат равона гардид.
Дар қисмати дуввуми Форум, ки 16 май дар шаҳри Кӯлоб идома ёфт, олимону ихтироъкорон аз ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, навоҳии тобеи марказ ва меҳмонон аз Русия ва дигар кишварҳои хориҷӣ иштирок намуда, ҳунару истеъдод ва корҳои анҷомдодаи худро намоиш доданд.
Дар анҷом ба нафароне, ки дар баргузорӣ ва кори Форум саҳм доштанд, аз ҷониби кумитаи тадорукот сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим шуданд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» Наврӯз Қурбонов, мутахассиси пешбари Бахши таҳлилу иттилооти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ иттилоъ дод.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






