«Ҷавонон ҷонибдори тарзи ҳаёти солиманд»

Май 19, 2015 08:31

Муъминобод, 19.05.2015. (АМИТ «Ховар»,  Сулаймони Хол  ).- 17-уми майи соли ҷорӣ дар ноҳияи Муъминобод бахшида ба рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таҳти унвони «Ҷавонон ҷонибдори тарзи ҳаёти солиманд» дави миллӣ гузаронида шуд, ки дар ин чорабинии варзишӣ 2726 нафар ширкат варзида, аз ин шумора 200 нафараш бону буд. 
Ба гуфти мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия Абдулло Раҷабов дар чорабинӣ масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, ташкилоту муассисаҳо ва мактабҳои таҳсилоти умумии ноҳия  қувваозмоӣ карда, соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гаштанд. Ба гуфтаи манбаъ, дар чорабинӣ ташкилоту муассисаҳо дар масофаи 1 км, духтарон дар масофаи 3 км ва писарон дар масофаи 5 км давида,  ҷойҳои якум, дуюм ва сеюмро ишғол намуданд. Дар натиҷа ҷои якум ба Муини Тоҳир ва Салима Боронова насиб гардид, ки сари вақт ба марра  расиданд.  Дар охир ба 15 нафар иштирокчии чорабинӣ  ифтихорномаҳои раиси ноҳия ва туҳфаҳои хотиравии  бахши  ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия  супорида шуданд. 

Май 19, 2015 08:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст