Ҷавонон- неруи созандаи ҷомеа
Душанбе, 26.05.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Дар доираи таҷлили «Даҳ рӯзи ҷавонони Тоҷикистон» дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва ҳайати кормандони донишкадаи мазкур, инчунин Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ҷамъомади тантанавӣ доир гардид.
Дар ҷамъомад Лутфия Абдулхолиқзода, ректори Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти кишвар, Аҳтам Абдуллозода-раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати мамлакат доир ба сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти баланд бардоштани мавқеъ ва нақши ҷавонон дар идораи соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти кишвар, таҳкими пояҳои давлатдорӣ, нақши созандагию бунёдкории ҷавонон дар раванди эъмори ҷомеаи дунявию демократӣ тақвияти сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ дар кишвар ибрози назар намуданд.
Зикр шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти баланд бардоштани мавқеи ҷавонон дар ҷомеа дар тӯли солҳои охир бо таҳияи барномаҳои мукаммали давлатӣ тадбирҳои муассир меандешанд.
Дар фарҷоми ҷамъомад ба ғолибон ва иштирокдорони форумҳо, озмунҳо ва олимпиадаҳои байналмилалию ҷумҳуриявии донишҷӯёни макотиби олии кишвар ифтихорномаҳо ва дигар туҳфаҳои молию хотиравӣ тақдим шуданд.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






