Ҷилавгирӣ аз қочоқи «ESSE» аз Афғонистон

Май 19, 2015 15:38

Душанбе,19.05.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Гумрукчиёни тоҷик аз қочоқи 300 баста сигарети тамғаи «ESSE» аз Афғонистон ба Тоҷикистон ҷилавгирӣ карданд.
             Маркази матбуоти  Хадамоти  гумруки Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар дидбонгоҳи гумрукии «Панҷи Поён» ҳангоми азназаргузаронии мошини калони  боркаш, ки мансуб ба як сокини шаҳри Қӯрғонтеппа аст, аз зери  халтаҳои шакар 300 баста сигарети тамғаи «ESSE»-и истеҳсоли Корея дарёфт ва мусодира шуд. Гуфта мешавад, ки номбурда мехост ин миқдор бастаи сигаретро бидуни  барасмиятдарории гумрукӣ ва пинҳонӣ ба қаламрави Тоҷикистон ворид намояд.
 Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ кушода шуда, тафтиш идома дорад.    

Май 19, 2015 15:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст