Аз корвони саломатӣ сокинони ҷамоати Эсанбой хушнуд гаштанд

Май 29, 2015 11:35

Душанбе, 29.05.2015. (АМИТ  «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Корвони саломатӣ ин навбат аз ҷониби мутахассисони маркази саломатии ноҳияи Рӯдакӣ ба гӯшаи аз ҳама дурдасти ноҳия- ҷамоати Эсанбой равона шуд. Дар  ҳайат 15 нафар табиби соҳибтаҷриба ва 10 нафар корманди миёнаи тиб ба истиқоматкунандагони деҳаҳои Сайёд, Хоҷабулбулон, Ишқобод, Ганҷина, Дӯстӣ, Марғзор ва Сафедчашма хизмати ройгони тиббӣ расониданд. 
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии ҷумҳурӣ, мутахассисони гӯшу гулӯ ва бинӣ, чашм, асабшинос, осебшинос, пӯст, духтурони занонаву кӯдакона, духтури бемориҳои дарунӣ ва ҷарроҳону таҳлилгаронро сокинони ин минтақаи дурдаст бо хушнудӣ пазируфтанд. Табибон бо дастгоҳҳои бо худ овардаашон, аз қабили дастгоҳи муайянкунандаи қанди хун, таҳлили умумии пешоб. таҳлили умумии хун, ташхиси фавқуссадо, сабти барқии дил тавонистанд аҳолии ин деҳаҳоро аз ташхис гузаронида, ба онҳо маслиҳатҳои судманд диҳанд.
 
 

Май 29, 2015 11:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст