Баргузории намоишгоҳи минтақавии савдо Суғд-2015

Май 13, 2015 11:53

Хуҷанд, 13.05.2015. (АМИТ Ховар, Абдуаҳад Шарифзода).-Мутобиқ ба қарори раиси вилояти Суғд моҳи июли соли равон дар шаҳри Хуҷанд намоишгоҳи минтақавии савдо Суғд-2015 баргузор мешавад. Тавре ки дар ин бора сомонаи расмии раиси вилоят иттилоъ медиҳад, ҳадаф аз намоишгоҳи мазкур-дастгирии рушди савдои байналмилалӣ, баланд бардоштани неруи содиротӣ, ба роҳ мондани ҳамкории судманд бо давлатҳои хориҷии дуру наздик, ҷалби сармоягузорӣ ва воридоти технологияҳои муосир, инчунин ба маъраз гузоштани намудҳои гуногуни маҳсулоти кишоварзию саноатӣ ва маҳсули ҳунарҳои мардумӣ мебошад.  Инчунин дар доираи баргузории намоишгоҳи минтақавии савдо, ки 24-25 июл дар назар аст, Форуми чоруми минтақавии тиҷоратию сармоягузорӣ дар мавзӯи «Неруи содиротӣ ва рушди савдои байналмилалӣ» ва озмуни вилоятии «Маҳсулоти беҳтарин» доир хоҳад гашт.

Май 13, 2015 11:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст