Баррасии конфронс оид ба масъалаҳои «Даҳсолаи об» дар назди Сарвазир

Май 27, 2015 15:21

Душанбе, 27.05.2015 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Масоили омодагӣ ва дар сатҳи баланд баргузор намудани Конфронси байналмилалии сатҳи баланд  оид ба масъалаҳои Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт, 2005-2015»  ва талошҳои  минбаъда бо мақсади дастрасӣ   ба рушди  устувори  захираҳои  об  имрўз  дар  ҳузури  Сарвазири  мамлакат  Қоҳир Расулзода  дар  ҷаласаи навбатии  Кумитаи  тадорукот     баррасӣ   гардиданд.
Оид  ба  ҷараёни  омодагиҳо  ба  ин чорабинии сатҳи баланд маълумоти   аъзои  кумитаи  тадорукот ва роҳбарони гурўҳҳои корӣ   шунида шуд.
Тавре ки таъкид гардид, раванди омодагиҳо ба баргузории конфронси мазкур  ва  чорабиниҳои  дар доираи он баргузоршаванда, аз  ҷумла  Форуми  байналмилалии кўдакон  ва  об,  намоиши байналмилалии  аксу мусаввараҳо, шоми фарҳангӣ ,  намоиши   имконоту  иқтидори  захираҳои обӣ   ва  намоишгоҳи  маҳсулоти кишоварзию ҳунарҳои  мардумӣ     дар  сатҳи  хуб  ҷараён  дошта,  мунтаззам  дар ҷаласаҳои  ситоди  корӣ   баррасӣ   мегарданд.
Дар  ҷаласа аз аъзои кумитаи тадорукот ва роҳбарони гурўҳҳои корӣ  тақвият  бахшидани  омодагиҳо  ва  таъмини  иҷрои нақшаи чорабиниҳои баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд  оид ба масъалаҳои Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт. 2005-2015»  ва талошҳои минбаъда бо мақсади дастрасӣ   ба рушди  устувори  захираҳои  об талаб  карда шуд.
 
 
 
 

Май 27, 2015 15:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст