Баррасии масъалаи пешгирии омилҳои номатлуби ҷомеа

Май 12, 2015 11:21

Душанбе, 12.05.2015. (АМИТ  «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Ҳафтаи гузашта дар ҷамоати Хичордеви шаҳри Хоруғ бо занон, ҷавонон, фаъолзанони ҷамоат, ходимони дин мулоқот баргузор гардид. Дар мулоқот муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Марҳабо Олимова, муовини раиси вилоят Гулдаста Орумбекова, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи вилоят Марзия Некпайева, сармутахассиси шуъбаи рушди гендерӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ Маҳмадалиева Сабоҳат ва мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳри Хоруғ Париноз Азизова иштирок намуданд. Дар мулоқот масъалаҳои пешгирии омилҳои номатлуби ҷомеа, аз ҷумла, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои радикалӣ, пешгирии пошхӯрии оилаҳои ҷавон, майзадагӣ ва нашъамандии ҷавонон мавриди муҳокима қарор дода шуд. Дар чорабинӣ иштирокчиён дастгирии ҳамаҷонибаи худро аз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати кишвар иброз намуда, баҳри пешгирии ҳам гуна омилҳои номатлуб дар байни ҷавонон, таклифу пешниҳодро оид ба роҳҳои ҳамкорӣ дар ин самт пешниҳод намуданд. Дар чорабинӣ барномаи маърифатӣ фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи оила ба ҳозирин пешниҳод гардид.
Аз ҷумла  дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯшон вохӯрии намояндагони кумита бо иштироки масъулини шуъба ва бахшҳои кор бо занон ва оила, ҷавонон, маориф, тандурустӣ, сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, корҳои дохилӣ, суд, прокуратура, оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, фаъолони ҷамоатҳои Назаршо Додхудоев, Сидҷ, Деҳрӯшон ва Дерзуди ноҳияи Рӯшон вохӯрӣ баргузор гардид. Дар вохӯрӣ раиси ноҳияи Рӯшон Худоёр Худоёров ширкат намуд. Дар чорабинӣ муовини раиси Кумита М. Олимова оид ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, пешгирии омилҳои номатлуби ҷомеа сухан намуда, ба масъулини соҳаҳо супоришҳои мушаххас дода шуд.

Май 12, 2015 11:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст