Биснес-форуми Тоҷикистону Олмон дар Душанбе
Душанбе, 15. 05. 2015. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).-17 майи соли ҷорӣ роҳбари кумитаи иҷроияи шарқии иқтисодиёти олмонӣ профессор Райнер Линднер барои иштирок дар бизнес-форуми соҳибкорони Тоҷикистону Олмон, ки 18 май дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф меорад.
Тавре ки ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон Маликшо Неъматов иттилоъ дод, Р. Линднер дар доираи сафари худ бо Сарвазир ва вазири корҳои хориҷии кишвар вохӯрӣ намуда, дар ифтитоҳи бизнес -форуми Тоҷикистону Олмон иштирок хоҳад кард.
Ба гуфтаи сафир, ҳайати олмонӣ аз 25 нафар соҳибкору сармоягузор ва намояндаи доираҳои тиҷоратӣ иборат мебошад. Зимни вохӯрии соҳибкорони Тоҷикистону Олмон мубодилаи иттилоот, муаррифии лоиҳаҳои бузург ба нақша гирифта шудааст, ки ин барои ҳамкориҳои оянда такон бахшида, ба иқтисодиёти Тоҷикистон сармояи олмониро ҷалб менамояд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






