Бозтоби Конфронси оби Душанбе дар расонаҳои мисрӣ

Май 12, 2015 09:07

Душанбе, 12.05.2015. (АМИТ «Ховар»). — 6 майи соли 2015 рӯзномаи мисрии “ал-Аҳром” мақолаи хабарнигори худ Ториқ ас-Санутиро таҳти унвони “Тоҷикистон Конфронси байналмилалии обро бо иштироки Миср моҳи оянда мизбонӣ хоҳад кард” мунташир намуд. Дар мақола бо ишора ба Сафири Тоҷикистон дар Қоҳира Хусрав Нозирӣ таъкид шудааст, ки Тоҷикистон Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, солҳои 2005-2015-ро дар пойтахти кишвар — Душанбе 9-10 июни соли ҷорӣ мизбонӣ хоҳад кард.
Таъкид гардидааст, ки конфронс иқдоми хирадмандона дар вақти муносиб ба шумор рафта, ба боло бурдани сатҳи огаҳии ҷомеаи байналмилалӣ аз вазъи соҳаи об, кӯшишҳои ҳукуматҳо, Созмони Милали Муттаҳид, созмонҳои байналмилалӣ ва ғайриҳукуматӣ ва тарафҳои дахлдори дигар барои ҳалли мушкилоти об мусоидат хоҳад кард. Дар Конфронс намояндагони ҳукуматҳои кишварҳои узви СММ, ниҳодҳои СММ, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, муассисаҳои байналмилалии молӣ, маҳофили соҳибкорӣ, созмонҳои ғайриҳукуматӣ ва ҷомеаи маданӣ, инчунин донишмандону коршиносон иштирок намуда, ба ҳукумати Миср низ даъватнома ҷиҳати иштирок дар  конфронс фиристода шудааст.
Барномаи фарогири конфронс бо иштироки тамоми тарафҳо ва соҳибони қарор таҳия шуда, инчунин Кумитаи байналмилалии тадорукот иборат аз намояндагони кишварҳои шарик, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, созмонҳои марбут ба ҳавзаҳои рӯдхонаҳо, созмонҳои ғайриҳукуматӣ, бахши хусусӣ ва тарафҳои дигари дахлдор таъсис ёфтааст.
Ҳадафи аслии конфронс баррасии фарогири масъалаҳои татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал, нақши меҳварии он дар оянда дар бозбинии комили раванди татбиқи Даҳсолаи байналмилалӣ ва ба таври густурда ба таваҷҷуҳи афкори умумии байналмилалӣ расонидани натиҷаҳои ин даҳсола мебошад.
Дар робита ба мавзӯъ ёдовар бояд шуд, ки қаблан 5 май рӯзномаи “ал-Ҷумҳурия” ва 1 майи соли 2015 хабаргузориҳои дигари Миср, аз ҷумла ал-Аҳром, ал-Явм-ус-собеъ, аш-Шуруқ, ал-Мисрӣ ал-явм, ал-Балад, ат-Таҳрир, ал-Баввоба, Ахборак ва ғайра бо истинод ба Бунгоҳи хабарии Ховари Миёна (MENA) хабареро дар бораи Конфронси оби Душанбе мунташир карданд.
 
 

Май 12, 2015 09:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст