Чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон

Май 21, 2015 14:00

Душанбе, 21.05.2015. (АМИТ »Ховар», Рафоати Абдулҳамид).- Дар доираи чорабиниҳои таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар қаламрави вилоят як силсила чорабиниҳо гузаронида шуд.
Тавре ки Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар додааст,  бобати таҳкими фаъолияти эҷодии ҷавонон, ҳисси ватандӯстӣ ва худогоҳии миллӣ, дарёфт ва ба рӯи саҳна овардани истеъдодҳои нав тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ гардида, озмуни «Стипендияи раиси вилоят барои донишҷӯёну аспирантҳои мактабҳои олӣ», озмуни вилоятии сурудҳои ватанпарастонаи «Суруди сарбоз», Рӯзи дарҳои кушод дар қисмҳои низомӣ ва дидбонгоҳҳои сарҳадӣ, ҳашари ҷавонон барои беҳдошти фазои экологӣ, Дави миллӣ таҳти шиори «Ҷавонон ҷонибдори тарзи ҳаёти солим!», мусобиқаҳои пойгаи аспӣ, шиноварӣ, ярмаркаи туристӣ, таҷлили Рӯзи байналмилалии ҳамшираи шафқат ва аёдати ҷавонони маъюбу камбизоат ба вуқӯъ пайвастанд.
Ҳамзамон моҳи апрели соли 2015 маҷмӯаи мақолаҳои беҳтарини 50 нафар олим ва муҳаққиқи ҷавони вилоят нашр шуд, ки аз маърӯзаҳои илмии беҳтарин фароҳам оварда шудааст.
 
 

Май 21, 2015 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст