Дархости Федератсияи футболи Тоҷикистон

Май 15, 2015 10:52

Душанбе, 15.05.2015. (АМИТ «Ховар»).- Федератсияи  футболи  Тоҷикистон барои роҳандозии даври  интихобии  мусобиқоти Осиё оид ба футзал — 2016 дар Минтақаи  марказӣ дархост  дод. 
Тавре  ки  аз Федератсияи  футболи  Тоҷикистон  хабар  доданд, ФФТ маҷмааи  варзишии  «Қасри варзиш» — и  шаҳри  Хуҷандро, ки барои қабули  2670  нафар  мухлис ғунҷоиш  дорад, ба  ҳайси  ҷойи  гузаронидани  даври  интихобии мусобиқот  интихоб  кард.
Дар  даври  интихобии Мусобиқоти  Осиё — 2016 дар  Минтақаи  марказӣ  дастаҳои  Тоҷикистон,  Қирғизистон,  Туркманистон ва  Афғонистон  иштирок  менамоянд. Дар қисми  ниҳоии  мусобиқоти Осиё, ки  аз  9  то  20  феврали  соли  2016  дар  пойтахти  Ӯзбекистон —  шаҳри  Тошканд баргузор  мешавад, аз Минтақаи  марказӣ  ду   даста ширкат  мекунад.

Май 15, 2015 10:52

Хабарҳои дигари ин бахш