Дарсҳои назариявӣ дар Раёсати ХМ дар Душанбе

Май 12, 2015 14:22

Душанбе, 12.05.2015. (АМИТ  «Ховар», Лайло Тоирӣ).-   Синфхонаҳои  Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе имрӯзҳо аз муроҷиаткунандагон холӣ нестанд. Ҳамарўза бо шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки мақсади сафар ба  Федератсияи Русияро доранд, дарсҳои назариявӣ гузаронида, ба онҳо қоидаҳои буду бош, тартиби гирифтани сертификат ва патент ба таври содда ва муфид фаҳмонида мешавад. 
Тавре ки сармутахассиси Шуъбаи муҳоҷирати меҳнатӣ Равон Мерганов хабар дод  шаҳрвандон — муҳоҷирони меҳнатӣ  4 вохурӣ  бо иштироки 77- нафар сокинони шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ гузарониданд. 
Ҳангоми  дарсҳои назариявӣ кормандони Раёсат оид ба қонунгузории нави Федератсияи Русия дар самти муҳоҷират, муваққатан қатъ гардидани рафтуомад ба ин кишвар, тартиби гирифтани Патент, муҳлати будубош, нигоҳ доштани асолати оила, расонидани кўмакҳои моддию маънавӣ ба аҳли оила, падару модар, арҷ гузоштан ба суннатҳои миллию аҷдодӣ, эҳтиром ба рамзҳои давлатӣ, муҳаббат ва содиқ мондан ба Ватани аҷдодӣ, ҳамроҳ нашудан ба гурўҳҳои ифротию экстримистӣ гузаронида маслиҳатҳои муфид дода мешавад. 
Дар айни замон кор дар ин самт идома дорад.   
 
 

Май 12, 2015 14:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст