Дастовардҳои соҳаи энергетика аз Ваҳдат то Ваҳдат

Май 30, 2015 09:08

     Душанбе, 30.05.2015. (АМИТ «Ховар»).-Ҳар як инсоне ки ба дунё меояд ва дар рӯи Замин умр ба сар мебарад, мехоҳад, ки дар кишвари орому осуда бошад. Сарчашмаи осудагию субот ва пешрафти ҷомеа —  ин сулҳу  ваҳдат аст. Ваҳдат — бузургтарин неъмати бебаҳост. Ба хотири осудагии мардуми сарзамини мо 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Маскав рӯзи  Ваҳдати  Миллиро эълон карданд. Ин неъмати бебаҳо бо меҳнати зиёд ва кӯшишу ҳаракатҳои беандозаи Сарвари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон ба даст омад.
      Имсол ба имзои Созишномаи  умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллии  Тоҷикистон  ҳаждаҳ сол пур мешавад. Бо шарофати ба имзо расидани ин созишномаи такдирсоз мо тавонистем, ки ба муноқишаҳои дохилӣ ва муқовимати мусаллаҳона  хотима бахшида, ба марҳалаи навини Тоҷикистон — гузоштани  пойдевори сулҳ, таъмини ваҳдати миллӣ ва дар ин асос ба эътидол овардани фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи Тоҷикистон ва рушди онҳо оғоз намоем. Дар муддати ҳаждаҳ сол, ки аз Созишномаи умумии  истиқрори  сулҳ  ва ризоияти  миллӣ  мегузарад, ваҳдати  миллӣ  дар кишвари мо решаи мустаҳкам давонд.
       Имрӯз Точикистони азизи мо ба муваффақиятҳои назарраси сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмӣ,  фарҳангӣ  ва  энергетикӣ  ноил шуда, дар ҷаҳони муосир ҷойгоҳи худро пайдо кардааст. Пояҳои  истиқлолияти давлатии мо сол ба сол қавитар мегарданд.
     Яке аз самтҳои асосие, ки дар марҳалаи кунунӣ барои татбиқи муваффақонаи ҳадафҳои миллӣ нақши калидӣ дорад, рушди босуръати соҳаи энергетикаи кишвар мебошад. Тавре ки Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба МО ҶТ зикр намуд:  «Рушди имрӯзу фардои тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ аз истифодаи боигарии асосии мамлакат, яъне захираҳои гидроэнергетикӣ вобастагии бузург дорад, зеро ягон кишвари дунё бе рушди энергетика, инчунин коммуникатсияи ҳозиразамон тараққӣ карда наметавонад».  Маҳз ба ҳамин хотир бояд ба бунёди неругоҳҳои хурду бузурги барқи обӣ ва сохтмони зеристгоҳҳо вусъат бахшида, ба ҳамин васила ба истиқлолияти энергетикӣ муяссар гардем.
      Ба ҳама маълум аст, ки рушди соҳаи энергетика проблемаи ҷаҳонист. Дар роҳи ҳалли ин масъала Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки захираи солонаи гидроэнергетикии он 527 миллиард киловатт/соатро ташкил медиҳад, метавонад нақши калонеро соҳиб гардад. Аз ин захираи муътамад агар даҳ фоизаш ҳам мавриди  истифода  қарор  бигирад,  кишвари мо метавонад,  ҳам аҳолӣ ва ҳам хоҷагии халқи худро пурра бо неруи барқ таъмин намояд ва ҳам соле то 20 миллиард киловатт.соат неруи барқро ба кишварҳои ҳамсоя интиқол диҳад.
       Амалан, бо дастуру ҳидоятҳои Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон  имконият фароҳам омад, ки дар кишвари мо дар  соҳаи энергетика иншооти зиёди  муҳим ва хеле зарурӣ ба истифода дода шаванд.  Пурра ба истифода додани  Неругоҳи барқи  обии «Сангтӯда — 1» ва «Сангтӯда — 2» хатҳои интиқоли барқи баландшиддати «Ҷануб-Шимол»,  «Лолазор-Хатлон», «Хуҷанд-Айнӣ», «Сангтӯда — Лолазор», «Сангтӯда  НБО-и Сарбанд», таҷдид ва иваз намудани зеристгоҳҳо ба зеристгоҳҳои пурқудрат,  бунёди  зиёда аз 300  неругоҳи хурди барқи обӣ, таҷдид ва барқарорсозии неругоҳҳо ва шабакаҳои барқӣ, ки дар панҷ-даҳ соли охир амалӣ гардиданд,  ҳам соҳаро по ба ҷо нигоҳ дошт ва ҳам иқтидору эътимоднокии таъминоти энергияи барқиро дар ҷумҳурӣ  хеле беҳтар намуданд. 
      Тӯли танҳо соли гузашта ба истифода додани  агрегати дуюми навбати якуми Маркази барқу гармидиҳии  Душанбе-2, бунёди хати интиқоли барқи «ЗИ Душанбе-500- Маркази барқу гармидиҳии  Душанбе-2»; навсозии Неругоҳи барқи обии Норак, дар мисоли таҷдиди ОРУ -500, таъмири чархҳои агрегатҳо ва дарбанди курашакл; оғози бунёди ХИБ  Қайроққум-Ашт аз дастовардҳое буданд, ки энергетикҳои тоҷик ба онҳо ноил гардиданд. Умуман, дар даврони ваҳдат даҳҳо неругоҳҳои хурду бузург ва Маркази барқу гармидиҳӣ бо иқтидори 1020 мегаватт ба истифода дода шудаанд, ки ин ба 24 фоизи иқтидорҳои аз замони шӯравӣ то имрӯз истифодашаванда баробар аст.
      Ба истеҳсоли неруи барқи обӣ, ки Тоҷикистон барои ин имкониятҳои бузург  дорад, аҳамияти  аввалиндараҷа  дода  мешавад. Бо дарназардошти ин, Ҳукумати Тоҷикистон пайваста кӯшиш мекунад, ки рушди босуботи соҳаи энергетика таъмин карда шавад. 
            Рӯйдодҳои муҳими солҳои охир, ин бунёд ва ба истифода додани НБО-и «Сангтӯда-1», хатҳои интиқоли барқи 500 кВ «Ҷануб-Шимол», 220 кВ «Лолазор-Хатлон», хатти интиқоли барқи 220 кВ Тоҷикистону Афғонистон (Сангтуда-Пули Хумрӣ) мебошанд, ки дар расидани кишвар ба истиқлолияти энергетикӣ қадами бузург ба ҳисоб мераванд. Ба мақсади бунёди системаи ягонаи барқии кишвар, таъмини пурраи эҳтиёҷоти дохилии ҷумҳурӣ бо барқ ва содироти он ба хориҷа дар баробари сохтмони неругоҳҳои барқи обӣ, инчунин ба бунёди инфраструктураи интиқоли он таваҷҷӯҳи хосса равона шуда буд. Бунёди хатти интиқоли барқи баландшиддати «Ҷануб-Шимол» имкон дод, ки дар Тоҷикистон шабакаи ягонаи энергетикӣ ташкил карда шавад. Дар маҷмӯъ, дар ин давра зиёда аз 4200 км хатҳои интиқоли барқ, аз ҷумла, 720 км хати интиқоли барқи баландшиддати аз 110 кВ зиёд ба истифода дода шуданд.
     Ҳамзамон дар давраи ҳисоботӣ (асосан дар давраи фаровонии захираҳои гидроэнергетикӣ) аз ҷумҳурӣ 496, 9 млн. кВт. соат неруи барқ содирот шуд, ки аз он 413,7 млн. кВт. соаташ ба Афғонистон ва 83,2 млн. кВт. соаташ ба Ҷумҳурии Қирғизистон рост меояд.  Хаҷми неруи барқи фоиданоке (ба фурӯш рафта), ки ШСХК «Барқи Тоҷик» дар давраи моҳҳои январ — июни соли 2014 ба истифодабарандагони ҷумҳурӣ интиқол додааст, ба 5 млрд. 970, 5 млн кВт. соат баробар буд, тарифи миёнаи умумӣ дар нимсолаи ҳисоботӣ ба 10, 72 дирам баробар шуд.
Баҳори соли равон дар бораи интиқоли неруи барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон дар соли 2014 тавофуқ ҳосил шуд. «Содироти барқ аввали моҳи май шурӯъ шуд, то моҳи сентябри соли ҷорӣ идома меёбад. Нархи фурӯши 1 кВт/соат неруи барқ ба Афғонистон 3,5 сентро ташкил медиҳад. Тибқи созишнома миёни Афғонистону Тоҷикистон кишвари мо ба Афғонистон танҳо дар мавсими тобистон неруи барқ интиқол медиҳад, зеро дар мавсими тирамоҳу зимистон дар худи Тоҷикистон камбуди барқ ба мушоҳида мерасад».
     Бино ба маълумоти Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ, айни замон ҳаҷми шабонарӯзии истеҳсоли неруи барқ дар Тоҷикистон ба ҳисоби миёна 45 млн. кВт/соатро ташкил медиҳад. Қобили зикр аст, ки ба ҷуз Афғонистон, Тоҷикистон ба кишвари  ҳамсояи Қирғизистон низ неруи барқ интиқол медиҳад. Рӯзи 14-уми майи соли ҷорӣ миёни ҶСК «Электрические станции» (Истгоҳҳои барқӣ)-и Қирғизистон ва ШСХК «Барқи тоҷик» дар бораи аз Тоҷикистон ба Қирғизистон интиқол додани то 600 млн. кВт/соат неруи барқ бо нархи 2 сент барои 1 кВт/соат шартнома ба имзо расид.
      Дар сиёсати энергетикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дастуру супоришҳо бобати ҳамкорӣ бо кишварҳои ҳамсоя, ташкилоту муассисаҳои байналмиллалӣ ва созмону ширкатҳои машҳури энергетикии олам  мавқеи калонеро ишғол менамоянд. 
Дар давраи татбиқи Стратегияи қаблӣ дар соҳаи электроэнергетика ба маблағи 723,8 млн. доллари ИМА маблағгузорӣ  шуда, чандин лоиҳаҳои афзалиятнок амалӣ гаштанд. Аз ҷумла, дар ин давра, НОБ-и Сангтӯда-1, агрегати якуми НОБ Сангтӯда -2, ХИБ-500 кВт «Ҷануб-Шимол» ва ХИБ 220кВт “Лолазор -Хатлон”, 265 адад нерӯгоҳи хурди барқӣ бо иқтидори зиёда аз 23287,6 кВт, ХИБ 220 кВт Тоҷикистон — Афғонистон бунёд шуда, мавриди истифода қарор дода шуданд.Ҳамчунин, барои кам намудани талафоти неру дар шаҳри Душанбе 170434 адад ҳисобкунакҳои индуксионӣ ба электронӣ иваз карда шуда, истифодабарии лампаҳои каммасраф(99,8 фоиз) ба роҳ монда шуд.
10 сентябри соли 2014 зимни сафари расмии Президенти Чумхурии Исломии Эрон Ҳасани Руҳони агрегати дуюми неругоҳи барқи обии «Сангтуда-2» ба кор дароварда шуд.  Тибқи Созишномаи ба имзорасида миёни Тоҷикистону Эрон ин кишвар баъди 12,5 соли истифодаи НБО «Сангтӯда-2» онро дар ихтиёри Ҷумҳурии Тоҷикистон вомегузорад. 
Дар умум соҳаи энергетика ба пешравиҳои назаррас ноил гардид, ки ин ҳама аз Ваҳдати миллӣ шаҳодат медиҳад.  Бинобар ин моро лозим аст, ки ин неъмати бебаҳо ва муқаддас — ваҳдати миллиро пос дорем, ба қадри он расем, зеро шукуфоии Ватан ва пешрафти иқтисодиёт ин ҳама аз сулҳу ваҳдат вобаста мебошад.
 
Таҳияи Маҳинаи Собир

Май 30, 2015 09:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Шаҳбози Аброр раиси нави Ҳизби демократи Тоҷикистон интихоб гардид
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар «Тоҷикаэронавигатсия» роҳҳои таҳкими волоияти қонун ва маърифати ҳуқуқӣ баррасӣ гардиданд
Ҷаласаи Шурои сиёсии Ҳизби демократи Тоҷикистон баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
СУРАТГУЗОРИШ. Дар Душанбе доир ба мушкилоти мубориза бо ҷинояткорӣ конфронси байналмилалӣ доир шуд
Профессорони Донишгоҳи нассоҷии Вуҳан барои мутахассисони соҳаи нассоҷии Тоҷикистон даври омӯзишӣ мегузаронанд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ПЕШГӮИИ ОБУҲАВОШИНОСОН. Моҳи май ҳаво гарм ва сербориш мешавад
НАМУНАИ ВАТАНДӮСТӢ. Дар ҳама ҳолат бояд манфиатҳои миллат ва Ватанамонро ҳимоят карда тавонем
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар шаҳрҳои Исфара ва Конибодом ба иштирокчиёни ҷанги солҳои 1941-1945 кумакпулии яквақта расонида шуд