Даври ниҳоии олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯён
Душанбе, 7.05.2015. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-7 май дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон даври хотимавии олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба ифтихори 3000-солагии Ҳисори бостонӣ ва 70-солагии Иди Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ солҳои 1941-1945 кори худро оғоз кард.
Ба иттилои котиби матбуоти донишкада Машҳура Абдуллоева дар маросими кушодашавии олимпиада муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Марҳабо Ҷабборӣ иштирок намуда, аз толорҳои дарсӣ, варзишӣ ва маркази тестии донишкада дидан намуда, бо донишҷӯён суҳбат ороста, онҳоро ба хониши хубу аъло даъват намуд.
Дар ҷаласаи ифтитоҳии олимпиада вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид зикр намуд, ки олимпиада ин сабқат аст ва чӣ тавр омода шудани ҳар як мактаби олӣ ва дар кадом поя қарор доштани сифати таълим дар ин ҷо муайян мешавад. Мақсад аз баргузории олимпида муайян кардани донишҷӯёни боистеъдод ва ба роҳи илм раҳнамун сохтани онҳо мебошад, гуфт вазир. Н.Саид аз ҳакамон даъват ба амал овард, ки ба донишу истеъдоди донишҷӯён бо шаффофият баҳогузорӣ намоянд. Метавонанд барои як ҷо ду ва се нафар донишҷӯи арзандаро пешбарӣ намоянд. Ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро муваззаф сохт, ки донишҷӯёни ғолиб ва роҳбарони илмии онҳоро бо мукофотҳои пулӣ ҳавасманд гардонанд.
Марҳабо Ҷабборӣ ба иштирокчиёни олимпиада муваффақият хоста, иброз дошт, ки рушди бо мароми соҳаи маориф кафолати пешравии ҷомеаи тоҷикон ба ҳисоб меравад. Бинобар ин, Сарвари давлатамон Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маорифро соҳаи ҳаётан муҳим, афзалиятнок ва сарнавиштсоз эълон намуда, дар ин замина баҳри рушду нумӯ ва ба сатҳи ҷаҳонӣ расонидани сифати таълим, гузаштан ба усулҳои муосири таълиму тарбия ва мустаҳкам намудани заминаи моддию техникӣ тадбирҳои зарурӣ меандешанд. Таъкиди Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаашон ба Маҷлиси Олӣ дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷӣ дар масъалаи баланд бардоштани дониши хонандагону донишҷӯён, бархурдор гардидани онҳо аз дастовардҳои илмию техникӣ, ба тарзи ҳаёти солим ҳидоят намудани онҳо хеле бамаврид буда, моро водор месозад, ки дар ин самт аз тамоми имконот истифода намоем. Ин таъкидҳо аз шумо, донишҷӯёни аълохону фаъол ва эҷодкор масъулияту фаъолияти бовусъату фарогирро дар давоми давраи таҳсил тақозо дорад. Имрӯз шумо дар рушду такомули илму маърифат, омӯзиши амиқи илмҳои дақиқ ва технологияҳои муосир ҳиссагузор бошед. Дар шароити имрӯза баланд бардоштани сифати таълим, таъмини кадрҳои омӯзгорӣ, китобҳои дарсӣ, тайёр кардани мутахассисони арзандаи ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ, гузаштан ба усулҳои замонавии таълим, бедор кардани маърифати техникии ҷомеа аз вазифаҳои аввалиндараҷаи кормандони соҳаи маориф маҳсуб меёбад. Танҳо бо илму дониш, ақлу заковат, ихтирооту навоварӣ дар назди аҳли башар метавон сарбаланд шуд. Аз ин рӯ, мо ҳамеша дар андешаи навгониҳои илмиву кашфиёт, шукуфоии мамлакат ва баланд бардоштани иқтидори он бояд бошем, таъкид кард М. Ҷабборӣ.
Муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Бозоралӣ Неъматов тартиби баргузорӣ, шартҳои озмун, интихоби ҳакамонро шарҳ дод. Донишҷӯён аз рӯйи фанҳо ба гурӯҳҳо ҷудо шуданд.
Дар олимпиада 319 нафар донишҷӯ аз 36 муассисаи таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ аз рӯи 12 фан: забон ва адабиёти тоҷик, забони англисӣ, забони русӣ, математика, технологияҳои иттилоотӣ, таърихи халқи тоҷик, фалсафа, сиёсатшиносӣ, химия, биология-экология, физика, назарияи иқтисодӣ байни ҳам сабқат мекунанд.
Бегоҳӣ барои иштирокчиёни олимпиада донишҷӯёни ҳаваскори Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон барномаи фарҳангӣ намоиш хоҳанд дод.
Натиҷаи олимпиада 8 май муайян мегардад.