Душанбе наздики 700 сарбоз ба Артиш фиристод

Май 7, 2015 15:36

   Душанбе, 07.05.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Нақшаи даъвати баҳории наваскарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар дар пойтахт  пеш аз муҳлат иҷро гардид. Сардори шуъбаи даъват ва тайёрии ҷавонон ба хизмати ҳарбии комиссариати ҳарбии шаҳри Душанбе, полковник Саид Каримов дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар дар пойтахт аз оғоз  муташаккилона ҷараён гирифта, аз чор навоҳии Душанбе 693 нафар наваскар барои хизмати содиқона ба ватан ба сафи Артиши миллӣ фиристода шуд. 
     Полковник Каримов афзуд, ки  дар омода ва гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар  комиссариати ҳарбии шаҳри Душанбе дар ин давра бо Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе, шуъбаҳои он дар ноҳияҳои пойтахт, прокуратура, раисони шаҳраку маҳаллаҳо ҳамкории густурдаро ба роҳ монд. 
     Инчунин бо роҳи ихтиёрӣ гусел кардани чавонон ба сафи Артиши миллӣ бо иштироки собиқадорони Ҷанги дуюми ҷаҳон, ҷанговарони башардӯст, волидайни ҷавонон ва дигар намояндагони ҷомеа мулоқот доир  шуда, дар он доир ба ҳифзи марзу буми Ватан, далерию ҳушёрӣ ва содиқона хизмат кардан ба ватан сухан рафт.  
 
 
 

Май 7, 2015 15:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст