«Фарҳанги водии Ҳисор»: китоби нав
Душанбе, 29.05.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- «Фарҳанги водии Ҳисор дар ҳамоҳангӣ ба тамаддуни минтақавӣ»- таҳти чунин унвон нашриёти «Дониш» китоби донишмандони шинохтаи тоҷик Аскаралӣ Раҷабов ва Муҳаммадраҳим Каримзодаро рӯи чоп овард.
Китоб бо забонҳои русӣ ва англисӣ ба ифтихори 3000-солагии тамаддуни Ҳисори шодмон, ки тирамоҳи соли 2015 дар сатҳи баланд таҷлил мешавад, нашр гардидааст. Китобро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мусоидат бо Академияи имлҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази илмии байналмилалии фарҳанги мусиқии мардумони Шарқ «Борбад» мунташир кардааст.
Назар ба иттилоъи Аскаралӣ Раҷабзода, яке аз муҳаррирони масъули китоби мазкур, «Фарҳанги водии Ҳисор дар ҳамоҳангӣ ба тамаддуни минтақавӣ» маҳсули кори дастаҷамъонаи донишмандон буда, дар он мақолаҳои олимони барҷастаи кишварҳои Тоҷикистон, Русия, Фаронса, Канада, Ӯзбекистон ва Туркманистон , ки аз фарҳанги водии Ҳисор нақл менамоянд, ҷамъоварӣ шудаанд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






