Гирандагони стипендияи президентӣ фаъоланд

Май 19, 2015 14:58

Рашт,19.05.2015.( АМИТ «Ховар», Мирзосафари Ризвон).-Тавре ки аз шуъбаи маорифи ноҳияи Рашт хабар доданд, дар ноҳия 3 нафар талабаи аълохон гирандаи стипендияи президентӣ мебошад. Ба қатори онҳо Турсунзода Саймаҳбуб, хонандаи синфи 11-и муассисаи таҳсилоти умумии  №12, Фирдавс Хоҷаев, хонандаи синфи 11 муассисаи таҳсилоти умумии №26, Фазолат Эшонова, донишҷўи коллеҷи омӯзгории  Навобод, Зарнигор Шерова, хонандаи синфи 11 муассисаи таҳсилоти умумии №52 дохиланд.
Онҳо на танҳо дар таълимгоҳҳои худ нағз мехонанд, балки дорои ахлоқи хуб, ҷаҳонбинии васеъ буда, дар корҳои ҷамъиятии мактабҳо фаъолона иштирок менамоянд. Хулоса толибилмони гирандагони стипендияи президентӣ намунаи дигарон мебошанд.

Май 19, 2015 14:58

Хабарҳои дигари ин бахш