Хатлон: 45 дақиқа-вақт барои «Занги камолот»

Май 27, 2015 14:07

Душанбе, 27. 05. 2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Соли равон дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар, аз ҷумла дар вилояти Хатлон рӯзи    6-уми июн  чорабинии дохилимактабии «Занги камолот» бо иштироки танҳо хонандагони синфҳои  9 ва 11 аз соати 8 оғоз ёфта,  дар доираи 45 дақиқа гузаронида шуда, баъдан машғулиятҳо барои хатмкунандагон тибқи ҷадвали дарсҳо баргузор мегарданд.
Соли таҳсили 2014-2015 дар  вилоят 1322 муассисаи таҳсилоти умумӣ   654 ҳазору 367 нафар хонандаро ба таълиму тарбия фаро гирифт, ки аз ин шумора  43 ҳазору 966  нафар хатмкунандаи синфи 11 ва  64 ҳазору        20 нафар хатмкунандаи синфи 9-ум  мебошад.
Мусаллам аст, ки хонандагони синфҳои 9 ва 11 баъд аз бомуваффақият супоридани санҷишу аттестатсияи давлатии хатм соҳиби номаи камол ва шаҳодатномаи хатми мактаби таҳсилоти асосии умумӣ гашта,  бо як ҷаҳон орзую умед аз пайи идома додани таҳсил, омӯзиши касбу ҳунар ва ихтисоси пешанамудаи хеш дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ, миёна ва ибтидоии касбии дохил ва хориҷи кишвар мегарданд.
Боиси хушнудист, ки дар ҷумҳурӣ ба мақсади дастрасии баробар ба гирифтани таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ ба хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ имконияту шароити ба таври шаффоф ва мутамарказ супоридани имтиҳонҳои дохилшавӣ тавассути Муассисаи   давлатии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва  шуъбаҳои минтақавии он дар маҳал роҳандозӣ шудааст.
 
 

Май 27, 2015 14:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст