Иҷрои пурраи даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ

Май 14, 2015 09:32

Душанбе, 14.05.2015. (АМИТ  «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1988-1997 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» аз 1-уми апрели соли 2015 даъвати навбатии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ оғоз гардид.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ дар нахустин рӯзи даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ аввалин шуда комиссариатҳои ҳарбии шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон, ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд аз иҷрои пурраи нақшаи пешбинишуда гузориш доданд.
Дар давоми иҷрои нақшаи даъват 30-юми апрели соли ҷорӣ якумин шуда вилояти Хатлон, 1-уми май чаҳор навоҳии пойтахт, 5-уми май шаҳру навоҳии вилояти Суғд, баъдан Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ нақшаи даъватро пурра ба анҷом расониданд.
Умуман 12 майи соли 2015 даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардида, фаъолияти мақомоти масъули даъват дар шаҳру навоҳии мамлакат то охири моҳи май идома меёбад.
 
 

Май 14, 2015 09:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст