Ифтитоҳи толори дӯстии халқҳо

Май 7, 2015 11:15

Душанбе, 07.05.2015. (АМИТ «Ховар»,  Лайло  Тоирӣ).- Ҳафтаи  гузашта  дар Китобхонаи  бачагонаи  ба  номи Аркадий Гайдари   шаҳри  Нижний  Новгороди Федератсияи  Русия толори  дӯстии  халқҳо   дар  вазъияти  ботантана  мавриди истифода  қарор  гирифт. Чорабинии  мазкур  ба  манзури  татбиқи  барномаи  «Гулбарги  дӯстӣ» рӯи  кор омад, ки  мақсад  аз он  таҳкими  ягонагии  байни  миллатҳо ва  тавсеаи муколамаи  байнифарҳангӣ  дар  минтақа  аст. 
Чорабинӣ  бо  дастгирии  бархе  иттиҳодияҳои  миллию   фарҳангии  вилояти  Нижний  Новгород  роҳандозӣ  шуд. 
Дар  маросими  ифтитоҳи толори  дӯстии халқҳо  намояндагони   мақомоти ҳокимияти  давлатӣ  ва  худидораи  маҳаллӣ,  аҳли  илму  адаб  низ  ширкат  доштанд. Дар  толор  китобҳои  муаллифони  кишварҳои  гуногун, асбобҳои  марбут ба  фарҳанги  маънавию  моддии  миллӣ ба  маърази намоиш  гузошта шудаанд.
Толори дӯстии  халқҳо  дар  арафаи  70 — солагии Ғалаба  дар Ҷанги  Бузурги  Ватанӣ  ифтитоҳ  гардид,  ки он   рамзи  хоса  дорад.
 

Май 7, 2015 11:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст