Иштироки беш аз 15 ҳазор сокини Хуҷанд дар дави миллӣ
Хуҷанд, 18.05.2015. (АМИТ “Ховар”, Абдуаҳад Шарифзода).-Дар Рӯзи дави миллӣ, ки 17 май дар ҷумҳурӣ доир гашт, аз ҷумла дар шаҳри Хуҷанд беш аз 15 ҳазор нафар иштирок намуд. Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ барои иштирок дар дави миллӣ сараввал ба мавзеи варзишгоҳи марказии «20 — солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» ташриф оварда, нахуст дар майдони чавгони шаҳри Хуҷанд, воқеъ дар паҳлӯи варзишгоҳи мазкур аз бозии миёни ду дастаи чавгонбозон дидан намуд.
Абдураҳмон Қодирӣ дар мавзеи ба номи Исмоили Сомонии шаҳри Хуҷанд ҳозиринро бо оғози чорабинии ҷумҳуриявии варзишӣ — Рӯзи дави миллӣ табрик намуда, изҳор дошт, ки имрӯзҳо барои рушди соҳаҳои гуногуни варзиш аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи махсус зоҳир шуда, ҳамасола теъдоди зиёди иншооти варзишӣ ба истифода дода мешавад.
Чорабинии варзишӣ аз майдони Исмоили Сомонӣ оғоз ёфта, ба воситаи кӯчаи Сирдарё то назди Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар хиёбони ба номи Раҳмон Набиев идома ёфт. Дар анҷоми чорабинӣ ба 45 нафар ғолиби нахустдав туҳфаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят супорида шуданд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






