Изҳороти Н.Бордюжа
Душанбе, 21.05.2015. (АМИТ «Ховар»).- 20 май дар шаҳри Хуҷанд таҳти раёсати дабири Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Қаҳҳоров ҷаласаи навбатии Кумитаи муншиҳои шӯроҳои амнияти Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа Дабири кулли СПАД Николай Бордюжа иштирок ва сухан кард.Тавре ки аз СПАД хабар доданд, масоили мубрами амнияти байналмилалию дастаҷамъӣ дар минтақаи фаъолияти Паймон, тадбирҳои давлатҳои узви СПАД барои ҷилавгирии хавфу хатар ба минтақаи амнияти дастаҷамъӣ, вазъияти Афғонистон ва таъсири он ба вазъи минтақаи масъулияти СПАД мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Мувофиқи маълумоти Дабири кулли СПАД хавфу хатаре, ки бар асари дар Афғонистон мавҷуд будани гурӯҳҳои ҷунбиши «Толибон» ва дастаҳои дигари мусаллаҳ сар мезанад, дар самти ҷанубии минтақаи масъулияти Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ низ арзи вуҷуд дорад. «Вазъияти мураккаби Афғонистон яке аз сабабҳои дар ин ҷо рӯи кор овардани тафтиши ногаҳонии Қувваҳои дастаҷамъии вокуниши сареъи СПАД гардид», — зикр намуд Николай Бордюжа.Ба гуфтаи мавсуф, дар Афғонистогн баробари «Толибон» намояндагони «Давлати исломӣ» вуҷуд доранд, ки ин боиси ташвиши сарони давлатҳои узви СПАД мегардад. Н.Бордюжа ба тафтиши ногаҳонии СПАД аз 12 то 19 майи соли ҷорӣ дахл карда, изҳор дошт, ки Қувваҳои дастаҷамъии вокуниши сареъии СПАД ба иҷрои вазифаҳои ба зимаашон гузошташуда омодаанд. Дар баробари ин Раиси Шӯрои амнияти дастаҷамъии СПАД, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти амалию мураттаби Қувваҳои дастаҷамъиро ба дараҷаи баланд арзёбӣ намуд.Дар ҷаласа дурнамои машварати намояндагони давлатҳои узви Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ аз рӯи масоили сиёсати хориҷӣ, амният ва мудофиа барои нимсолаи дуюми соли 2015 ва нимсолаи аввали соли 2016 баррасӣ ва маъқул ёфта шуд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






