Конфронс оид ба пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон
Хуҷанд. 27.05.2015. (АМИТ “Ховар”, Абдуаҳад Шарифзода).-Муқовимат бо коррупсия, пешгирии қонуншиканӣ ва ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон, шомилшавии онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро,- таҳти чунин унвон дирӯз дар маркази Суғд конфронси илми-амалӣ доир гардид.
Дар конфронс, ки дар Мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №23-и шаҳри Хуҷанд баргузор гашт, муовини якуми вазири маориф ва илми ҶТ Раҳматулло Мирбобоев, муовини раиси вилоят Назира Ғаффорова, сардори Раёсати маорифи вилоят, ректорони мактабҳои олӣ, сардорони раёсат ва мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои амниятӣ, сарварони муассисаҳои таълимӣ, омӯзгорони пешқадам ва собиқадорони соҳаи маориф иштирок доштанд. Муовини раиси вилояти Суғд Назира Ғаффорова вазъи риояи қонун дар муассисаҳои соҳаи маориф ва ҳамзамон ҷинояткорию қонунвайронкуниеро, ки аз ҷониби хонандагону омӯзгорон содир шудааст, мавриди таҳлил карор дод. Раҳматулло Мирбобоев, муовини якуми вазири маориф ва илми ҶТ оид ба санадҳое, ки вобаста ба муқовимат бо коррупсия қабул шудаанд ва корҳое, ки дар самти татбиқи онҳо ба иҷро расидаанд, инчунин бартариҳои қабули довталабон ва баргузории олимпиадаҳои мактабӣ аз тариқи Маркази миллии тестӣ маълумот дода, ҷиҳати ислоҳи камбудиҳо, муқовимат бо коррупсия ва пешгирии амалҳои номатлуб дастурҳои мушаххас дод.
Иштирокдорони конфронс оид ба корҳои иҷрошуда дар самти пешгирии қонуншиканию ҷиноятсодиркунии ноболиғон, рӯ ба афзоиш доштани худкушӣ ва қасд ба ҷон кардани наврасону ҷавонон, ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, содиршавии амалҳои коррупсионӣ дар соҳаи маориф ва роҳҳои пешгирии онҳо андешаҳои худро баён намуданд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






