Конфронс оид ба пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон

Май 27, 2015 14:38

Хуҷанд. 27.05.2015. (АМИТ “Ховар”, Абдуаҳад Шарифзода).-Муқовимат бо коррупсия, пешгирии қонуншиканӣ ва ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон, шомилшавии онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро,- таҳти чунин унвон дирӯз дар маркази Суғд конфронси илми-амалӣ  доир гардид.   
Дар конфронс, ки дар Мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №23-и шаҳри Хуҷанд баргузор гашт, муовини якуми вазири маориф ва илми ҶТ Раҳматулло Мирбобоев, муовини раиси вилоят Назира Ғаффорова, сардори Раёсати маорифи вилоят, ректорони мактабҳои олӣ, сардорони раёсат ва мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои амниятӣ, сарварони муассисаҳои таълимӣ, омӯзгорони пешқадам ва собиқадорони соҳаи маориф иштирок доштанд. Муовини раиси вилояти Суғд Назира Ғаффорова вазъи риояи қонун дар муассисаҳои соҳаи маориф ва ҳамзамон ҷинояткорию қонунвайронкуниеро, ки аз ҷониби хонандагону омӯзгорон содир шудааст, мавриди таҳлил карор дод.  Раҳматулло Мирбобоев, муовини якуми вазири маориф ва илми ҶТ оид ба санадҳое, ки вобаста ба муқовимат бо коррупсия қабул шудаанд ва корҳое, ки дар самти татбиқи онҳо ба иҷро расидаанд, инчунин бартариҳои қабули довталабон ва баргузории олимпиадаҳои мактабӣ аз тариқи Маркази миллии тестӣ маълумот дода, ҷиҳати ислоҳи камбудиҳо, муқовимат бо коррупсия ва пешгирии амалҳои номатлуб дастурҳои мушаххас дод.
Иштирокдорони конфронс оид ба корҳои иҷрошуда дар самти пешгирии қонуншиканию ҷиноятсодиркунии ноболиғон, рӯ ба афзоиш доштани худкушӣ ва қасд ба ҷон кардани наврасону ҷавонон, ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, содиршавии амалҳои коррупсионӣ дар соҳаи маориф ва роҳҳои пешгирии онҳо андешаҳои худро баён намуданд. 

Май 27, 2015 14:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид