Консерти муштарак дар Иттифоқи композиторон
Душанбе, 06.05.2015. (АМИТ «Ховар»). — Дар толори консертии Иттифоқи конпозиторони Тоҷикистон консерти муштарак ва маҳфили фарҳангӣ баргузор гардид, ки дар он намояндагони аҳли фарҳанг, аз қабили шоирону нависандагон, арбобони ҳунар, эҷодкорону мусиқишиносон ва донишҷӯёну толибилмон иштирок намуданд.
Раиси Иттифоқи конпозиторони Тоҷикистон Қудратулло Ҳикматов иттилоъ дод, ки дар ин чорабинии фарҳангӣ ҷавонони лаёқатманд ва толибилмони Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов асарҳои конпозиторони маъруфи кишвар ва сатҳи ҷаҳонӣ, ба мисли Толиб Шаҳидӣ, Қудратулло Ҳикматов, П. Чайковский, В.А. Мотсар, И.С. Бах ва дигаронро иҷро намуданд, ки онҳо аз ҷониби аҳли толор бо завқ ва хуш пазируфта шуд.
Дар ин маҳфил компазиторони ҷавон, аз ҷумла Диана Салиқова оҳанги хешро барои виолончел ва фортопиана иҷро намуд, ки аз ҷониби мусиқишиносон баҳои баланд гирифт.
Инчунин, нахустин бор намоиши оҳанги Қ. Ҳикматов-Соната барои фортопиана аз ҷониби донишҷӯи Донишгоҳи давлатии славянии Тоҷикистону Русия Лутфулло Юсупов, ки 11-сол дар мактаби махсуси мусиқавии ба номи М. Атоев таҳсил кардааст, иҷро шуд.
Ба ақидаи Қудратулло Ҳикматов чунин чорабиниҳои фарҳангӣ, бахусус мусиқӣ ба кас ғизои маънавӣ бахшида, ба тарбияи маънавии наврасону ҷавонон таъсири амиқ мегузорад. Зеро, баҳра бурдан аз таъсири асарҳои компазиторони маъруфи миллӣ ва сатҳи ҷаҳонӣ завқи эстетикии инсонро боло бурда, ӯро дар ҷаҳони маърифат ва орӣ аз ҳар гуна ифроту хурофот тарбия мекунад. Бо назардошти ҳамин, Раёсати Иттифоқи компазиторони Тоҷикистон тибқи нақшаи кории худ чунин маҳфилҳои фарҳангӣ ва мусиқиро дар оянда низ мунтазам баргузор менамояд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






