Корҳои фардӣ бо усули «Хона ба хона»

Май 8, 2015 11:11

Душанбе, 08.05.2015. (АМИТ  «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Миллати тоҷик дар ташаккул ва пойдории оила ва муносибатҳои оилавӣ мактаби худро дорад. Дар тарбияи фарзандон, дар хонадор намудани ҷавонон, дар сохтани муносибатҳо байни аъзои оила фарҳанг ва анъанаи худро дорост. Хусусан шахсони рӯзгордида ва таҷрибадор метавонанд фарҳангу анъанаи хуби рӯзгордориро ба оилаҳои ҷавон нишон диҳанд ва дар пешгирӣ ва рафъи мушкилоту нофаҳмиҳо ба таври дастаҷамъӣ саъю кӯшиш намоянд.
Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади омӯзиши сатҳи иҷтимоии оилаҳо, пешгирии ҳолатҳои номатлуб ва дар сатҳи зарурӣ ташкил намудани чорабиниҳои «Соли оила» корҳои фардиро бо оилаҳо аз рӯи усули «Хона ба хона» ба роҳ мондааст.
Шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ аз ҳисоби раисони шӯроҳои занони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, сарварони мактаб, раисони шӯроҳои духтарони муассисаҳои таълимӣ, гуруҳҳо ташкил карда, корҳои фардиро бо оилаҳо аз рӯи усули «Хона ба хона» ба роҳ монда,дар ҷамоатҳои деҳоти Чимтеппа, Гулистон, Сарикиштӣ, Чоргултеппа шаҳраки Сомониён корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд.
Бино ба иттилои Кумитаи кор бо занон ва оила чунин усул дар дигар шаҳру ноҳияҳо низ гузаронида мешаванд. 

Май 8, 2015 11:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст